Тақсими кори байналмилалӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х миЛЛАл бо як Л using AWB
Сатри 1:
'''Тақсими кори байналмилалӣ''' (ТКБ) — заминаи асосии муттаҳидшавии иқтисодиёти миллии кишварҳо ба хоҷагии ҷаҳонӣ.

Тақсимоти байналхалқии меҳнат — ин раванди таърихии махсусгардонии [[давлат]]ҳо дар истеҳсолоти намудҳои муайяни [[маҳсулот]] мебошад, ки барои [[мубодила]] дар [[бозори ҷаҳонӣ]] ва қонеъ гардонидани талаботи худ дар намудҳои дигари маҳсулот равона карда шудааст. Иштирок дар ТБМ ба ҳар як давлат имконият медиҳад, ки талаботи худро ба маҳсулоти гуногун бо хароҷотҳои нисбатан кам қонеъ гардонад.

==Мафҳум ва моҳияти тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ)==
ТБМ дар давраи пайдошавиаш яъне асрхои 17-18 ва то охирҳои асри 18 нимаи аввали асри 19 дар бартариятҳои табиӣ асос меёфт: фарқият дар шароитҳои иқлимию ҷуғрофӣ ва захираҳои табиии давлатҳои алоҳида самти махсусгардонии онҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти гуногун муайян мекард. ТБМ бе мубодила вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин асоси объективии мубодилаи байналхалқии маҳсулот, хадамот ва технология, инкишофи ҳамкории истеҳсолӣ, илми-техникӣ, тиҷорати байни ҳамаи давлатҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи тараққиёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои сохтори иҷтимоӣ мебошад.

Мақсади асосии иштироки давлатҳо дар ТБМ новобаста аз фарқияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ кӯшиши онҳо барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ мебошад. Самарае ки мамлакатҳо ҳангоми иштирок дар ТБМ ба даст меоранд дар натиҷаи амали шудани қонуни арза ба даст оварда мешавад, ки он дар фарқияти байни арзиши миллӣ ва байналмиллалӣбайналмилалӣ асос меёбад.

Бартариятҳои ТБМ дар мубодилаи байналхалқӣ дар он зуҳур мешавад, ки ҳар як давлат бо назардошти шартҳои мусоид ба фоидаи дар шакли фарқияти арзиши миллию байналхалқии маҳсулоти содиркунанда ноил мегардад.

Ғайр аз ин ба сарфаи хароҷотҳои дохилӣ бо роҳи даст кашидан аз истеҳсолоти миллии молу хадамот аз ҳисоби воридоти нисбатан арзон меоварад.

Сатри 84:
- ташкили корхонаҳои муштарак.

==Равандҳои байналмиллалигардонӣбайналмилалигардонӣ, умумибашаригардонӣ ва фаромиллаликунонӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ==
Дар зери мафҳуми «байналмиллалигардонӣбайналмилалигардонӣ» иштироки давлат дар хоҷагии ҷаҳонӣ фаҳмида мешавад. Ин раванд бо нишондиҳандаҳои гуногун чен карда мешавад:
-Нишондиҳандаҳои иштирок дар тиҷорати ҷаҳонӣ ин:
Ҳиссаи тиҷорати хориҷӣ - ҳаҷми умумии амалиёти содиротӣ ва воридотии ҳамин мамлакатро бо шариконаш ё ин ки бо ҳамаи иттиҳоди ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Дар шакли формула ин ҳисса намуди зерин дорад:
Сатри 119:
# Ширкатҳои фаромиллалӣ;
# Ширкатҳои глобалӣ;
# Ширкатҳои байналмиллалӣбайналмилалӣ;
# Ширкатҳои бисёрмиллалӣ.
ШФ як навъ қувваи муосири ҳаракатдиҳандаи хоҷагии ҷаҳонӣ буда онро ба бозори ягонаи мол, хадамот, сармоя, қувваи корӣ ва технология мубаддал намудааст. Раванди ба бозори ягонаи мол, хадамот, сармоя, қувваи корӣ ва технология мубаддал гардидани хоҷагии ҷаҳониро умумибашаригардонӣ меноманд. Моҳиятан ин раванд дараҷаи нисбатан баланди байналмиллалигардонӣбайналмилалигардонӣ ва инкишофи минбаъдаи он ба ҳисоб меравад. Яъне дар замони муосир хоҷагии ҷаҳонӣ ба бозори ягона барои 10-ҳо ҳазор ШФ мубаддал гардида ҳамаи минтақаҳо барои фаъолияти онҳо кушода мебошанд.

Мақсади ШФ-ҳои муосир дар боробари максимизатсияи фоида максимизатсияи бозор мебошад. Зеро дар акси ҳол рақибони хориҷӣ ҷои онҳоро, на танҳо дар бозорҳои хориҷӣ балки дар бозори миллӣ, забт карда мегиранд. Дар замони муосир бозорҳои ҷаҳонӣ бисёр намуди молҳо аллакай байни ШФ тақсим карда шудаанд: «Айбиэм» -бозори компютеру барномаҳои он, Эксон- бозори маҳсулоти нафт, Макдоналдз- бозори хурокворӣ, Форд ва Ҷенерал моторз –бозори мошинаҳои сабукрав ва варзиш. Ҳамин тариқ ҷиҳати дигари сиёсати максимизатсияи бозор шиддатёбии рақобати байналхалқӣ мебошад. Ин натиҷаи асосии раванди умумибашаригардонӣ мебошад. Азбаски он ба азбайнравии бисёр ширкатҳои миллӣ дар натиҷаи тоб наовардан ба рақобати шадид меоварад қисми зиёди одамон ба муқобили он баромад мекунанд.
== Нигаред ==