Икромиддин Муҳиддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎top: using AWB
х →‎top: ислоҳ using AWB
Сатри 26:
}}
 
'''Икромиддин Муҳиддинов''' - [[олим]], мардумшинос, [[доктори илм]]ҳои таърих, [[профессор]].
==Зиндагинома==
Икромиддин Муҳиддинов [[6 феврал]]и [[соли 1933]] дар собиқ колхози ба номи В.И. Ленини шаҳри Қурғонтеппа дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилоти ӯ аз омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қурғонтеппа сар шуд ва онро соли 1952 бо дипломи «аъло» хатм намуд. Ҳамон сол ба факултети таъриху филологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]] дохил шуда, ин макони илму маърифатро низ бо сарбаландӣ хатм намуд. Ҳанӯз аз соли 1953 дар айёми донишҷӯӣ дар ҳайати экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ ба Қалъаи Хумб сафар дошта, Пас аз хатми Донишшгоҳ соли 1957 ӯро ба сифати лаборанти калон дар Институти таърихи ба номи А. Дониши [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ба кор қабул карданд. Соли 1958 ходими илмии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] гашта, соли 1959 ба шуъбаи аспирантураи Институти таърихи ба номи А. Дониши [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] дохил шуд. Зери роҳбарии олими шинохта ва мардумшиноси беҳамто Н.А. Кислякова, Икромиддин Муҳиддинов ба омӯзиши масъалаҳои зираткории мардуми Вахону Ишкошим машғул шуда, Аз соли 1985 то соли 1990 ба сифати мудири сектори этнографияи Институти таърихи ба номи А. Дониши [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] фаъолият дошта, аз соли 1994 то рӯзҳои охири умраш профессори кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] буд. Икромиддин Муҳиддинов [[17 сентябр]]и [[соли 2010]] чашм аз дунёи ҳастӣ пӯшид.