Инсонгароӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''ИНСОНДӮСТӢ''', башардӯстӣ, одамият, усули ҷаҳонбинию ахлоқӣ ва эҳсоси гарму самимияти баланди инсонӣ, ки бар пояи некукориву меҳрубонӣ ва ҳамдардӣ бунёд шуда, муносибати хайрхоҳона ба инсонро ҳамчун волотарин арзиш арзёбӣ мекунад, ба ҷону мол, шарафу арзишҳои навъи башар ва ҳуқуқҳои бунёдии инсон эҳтиром гузошта, ҳифзи ин арзишҳо ва саодати инсониятро тарғиб менамояд. Инсондӯстӣ хосси ҷамъияти мутаммадинест, ки қонунҳои ҷангали ҷомеаи ибтидоӣ ва хӯи ҳайвониро дар худ дарҳам шикаста, арзиши баланд доштани ҳаёти инсонро дарёфтааст ва барои ҳифзи он чораҳои заруриро тарҳрезӣ мекунад. Сиришти солиму комили инсонӣ бар асоси эҳсоси хайру некӣ бунёд шудааст ва инсондӯстиро тақозо дошта, аз бадӣ табиатан нафрат дорад. Онҳое, ки фақат барои миллату меҳани худ ҳисси инсондӯстӣ доранд, нажодпараст ҳастанд. Барои нажодпарастӣ молу ҷони қавму миллат ва нажодҳои дигар арзише надоранд ва бо табиати хайри инсон созгор нест. Инсондӯстӣ қадр кардани арзишҳои қавму миллатҳо ва нажодҳои дигарро тақозо дорад. Акси инсондӯстӣ яъне инсонситезию инсонбадбинӣ дар рӯҳияи бемору заиф тавлид мегардад. Решаи ин беморӣ ба тарбия нодурусту вазъи ногуворе андар аст, ки шахси мубталои он дар оила ва муҳити носолим рушд ёфтааст. Инсондӯстӣ рӯҳи латиф, дили пурмеҳру бузург, муҳаббати устувор ва боварии амиқ талаб дорад ва бидуни ин ҳусну сифатҳо побарҷо нахоҳад монд. Зотан инсон ин ҳусну сифатҳоро дар замири худ аз давраи тифлӣ парвариш мекунад, вале то кадом дараҷа баҳри такомули он талош меварзад, нахуст аз падару модар ва муҳити оила, дуввум аз муҳити ҷомеа ва севвум аз худи шахс вобаста аста<ref>Ревякина Н. В. Проблемы человека в итальянском гуманизме второй половины XIV – первой половины XV в. М., 1977; Саъдии Шерозӣ. Куллиёт. Д., 1988; Сартр Ж. Экзистенциализм – это гуманизм. М., 1989; Кудрявцев О. Ф. Ренессанский гуманизм и «Утопия». М., 1991; Oldenquist A. The Origins of Morality: An Essay in Philosophical Anthropology // Social Philosophy & Policy. 1991; Norton D. F. Hume, Human Nature, and the Foundations of Morality // The Cambridge Companion to Hume / Ed. D. F. Norton. Cambridge, 1993; Gaskin J. C. A. Hume on Religion // The Cambridge Companion to Hume / Ed. D. F. Norton. Cambridge, 1993; Леви-Стросс К. Три вида гуманизма. М., 1994; Wright R. The Moral Animal: Why We Are, the Way We Are: The New Science of Evolutionary Psychology. N. Y., 1994; Абдуллозода Ш. Фалсафаи одамият. Д., 2003; Bentham J. An Introduction to the Principles of Morals and Legislation. Vancouver: Read Books, 2008.
دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ٧. تهران، ١٣٧٧ ش.
</ref>.
 
Ахлоқ ва маънавиёти ҷомеаҳои даврони бостон дар тӯли ҳазорсолаҳо дар зинаҳои паст қарор дошт, ки боиси тақсими одамон ба «худӣ» ва «бегона» мешуд ва ҷаҳонбинии маънавӣ танҳо ба арҷгузории арзишҳои авлодиву қабилавӣ бунёд меёфт. Нисбат ба «бегонагон» ҷазову муносибати бераҳму ваҳшиёна раво дида мешуд, ки он расму оин ва як навъ қонуни авлодиву қабилавӣ ба шумор мерафт. Таассубу худхоҳӣ инсониятро борҳо ба ҳадди нестӣ расонидааст. Ин аҳвол шахсони хирадманди ҳар давронро водор кард, то чаҳорчӯбаи ахлоқӣ ва таълимотеро бунёд гузоранд, ки боиси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии мардуми гуногун гардад. Аз ин рӯ, дар такомули инсондӯстӣ аз даврони бостон инҷониб паёмбарон, ҳакимону шоирон, мактабҳои мухталифи илмиву ахлоқӣ ва тамаддунҳои гуногуни башарӣ хидмати шоён кардаанд. Маҳз, хидмати шоиста ва муборизаи садсолаҳои онҳо будааст, ки маънавиёт, илму ахлоқ ва маданияти инсоният дар ҳар як аср зина ба зина инкишоф ёбад ва инсони ҷоҳили бостон ба инсони ҳушманди имрӯз мубаддал гардад.
Line 56 ⟶ 58:
* {{ЭМТ|Башардӯстӣ|2|муаллиф=Г. Абдураҳмонов}}
 
== Пайвандҳо ==
* [http://www.forhumanism.org/ Международная Коалиция «За Гуманизм!»]
* [http://www.humanism.ru/ Сайт Российского гуманистического общества]