Заминсанҷӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Заминсанҷӣ''' ({{lang-fa|زمین‌سنجی}}), '''геодезия''' ({{lang-gr|γεωδαισία}} — тақсимоти замин, аз {{comment|{{lang-grc2|γῆ}}|гэ}} — Замин ва {{comment|{{lang-grc2|δαΐζω}}|даи́дзо}} — тақсим мекунам) — [[Илм|илмест]], ки шакл, андоза, сохтори дохилӣ, ҳаракатҳои уфуқӣ ва амудии қитъаҳо, майдони ҷозибаи [[Замин]], усулҳои дар сатҳи Замин гузаронидани ченкуниҳои муҳандисиву хоҷагӣ ва дар барномаҳою харитаҳо тасвир намудани онҳоро меомӯзад.
 
Заминсанҷӣ маҷмӯи фанҳоро дар бар мегирад. Заминсанҷии назариявӣ ба таҳияи назария ва усулҳои муайян кардани шаклу андозаҳои Замин, шакл ва майдони ҷозибаи беруна ва тағйироти онҳо дар замон машғул буда, аз андозагириҳои дақиқи астрономию геодезӣ, ҷозибасанҷӣ (гравиметрӣ), радифҳои маснӯъ истифода мебарад. Заминсанҷии сфероидӣ (куравӣ) геометрияи эллипсоиди Замин, усулҳои ҳалли масъалаҳои заминсанҷиро дар сатҳи Замин ва дар фазои сечена, назарияи инъикоси онро дар сатҳи кура ва дар ҳамворӣ бо мақсади ворид намудани қиматҳои координатаҳои ҳамворӣ меомӯзад. Фанни «Амалҳои асосии геодезӣ» воситаю усулҳои андозагириҳои фавқуддақиқи геодезӣ, инчунин усулҳои коркарди математикии натиҷаҳои андозагириҳоро бо мақсади сохтан ва дар маҳал устувор намудани шабакаҳои геодезӣ дар бар мегирад (ин се фан маъмулан, мавзӯи асосии заминсанҷии олиро ташкил медиҳанд). Заминсанҷии кайҳонӣ (заминсанҷии радифӣ) масоили истифодаи мушоҳидаҳои радифҳои маснӯи Замин ва дигар ҷисмҳои кайҳониро барои ҳалли масъалаҳои илмӣ ва илмию техникӣ таҳқиқ менамояд. Топография воситаву усулҳои андозагирии заминсанҷиро бо мақсади тасвири сатҳи Замин дар нақшаҳо ва харитаҳои топографӣ меомӯзад. Заминсанҷии баҳрӣ масъалаҳои геодезиро дар ҳудуди Уқёнуси олам ҳаллу фасл менамояд. Заминсанҷии амалӣ усулҳои андозагириҳои геодезиро, ки ҳангоми ҷустуҷӯ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи иншооти муҳандисӣ, васлкунии таҷҳизот, инчунин истифодаи захираҳои табиӣ иҷро карда мешаванд, меомӯзад. Кори нақшбардорӣ (маркшейдерӣ) соҳаи заминсанҷӣ дар илми кӯҳкорӣ ва техника буда, бо андозагириҳои фазоию геометрӣ дар қаъри Замин ва инъикоси он дар нақшаҳо, харитаҳо ва дигар санадҳо машғул аст. Заминсанҷӣ масъалаҳои худро дар ҳамкорӣ бо илмҳои нуҷум ва гравиметрия (ҷозибасанҷӣ) ҳал мекунад (фаслҳои ин илмҳоро, ки масъалаҳои мувофиқи андозагириҳоро ба манфиати заминсанҷӣ таҳия менамоянд, масъалаҳои геодезӣ меноманд) ва бо харитасозӣ, геоиттилоот, фотограмметрия, зондгирии масофагӣ, илмҳои оид ба Замин, математика, физика ва ғ. робитаи зич дорад.