Энсиклопедияи миллии тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Мундариҷа: clean up using AWB
х clean up using AWB
Сатри 8:
== Таърих ==
{{асосӣ|Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик}}
Бинобар ин бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияу тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Дар айни замон дар саҳифаҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, муҳимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки аз ҷиҳате ба ҳаёти миллати мо иртибот доранд ва ё ибратомӯзанд, сабт хоҳад гардид. Зеро «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад».<ref>Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориёӣ то Сомониён. Душанбе, 2009, саҳ. 8.</ref>
 
Хати машйи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад.
Сатри 25:
== Мундариҷа ==
Донишномаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст энсиклопедияи миллист.
Дар Қомуси «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарханг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ва ҳунармандони маъруф дарҷ шудаанд. Дар айни замон дар Қомус бахше аз матолиб оиддар бабораи таърихи ҷаҳон, мухимтарин дастовардхои илму техника ва фарханги ҷаҳонӣ, хаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки ибратомузанд оварда шудаанд.
 
== Мутолиаи ройгон ==