Ахтаршиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 13:
 
== Ахтаршиносӣ дар Тоҷикистон ==
Рушди илми астрономия дар Тоҷикистон аз солҳои 30 асри 20 оғоз гардид. Шароити хуби ахтаршиносӣ ва мавқеи муносиби ҷуғрофиёии Тоҷикистонро ба назар гирифта, соли 1932 Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар бораи таъсиси Расадхонаи ахтаршиносии Тоҷикистон (РАТ) қарор қабул кард. Сохтмони бинои он соли 1935–1936 ба анҷом расид. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии РАТ омӯзиши шиҳобҳо, зузанабҳо ва ситораҳои тағйирёбанда, инчунин муайян кардани мавзеъҳо барои сохтмони расадхонаҳо буданд. Таҳқи­қотҳои илмӣ соли 1933 аз мушоҳидаҳои шиҳобҳо ва ситораҳои тағйирёбанда, соли 1934 мушоҳидаи зузанабҳо ва изи ши­ҳоб­ҳо, соли 1937 мушоҳидаи телескопии шиҳобҳо оғоз ёфт. Соли 1938 рефрактори 6,5-дюйма мавриди истифода қарор гирифт. Худи ҳамон сол дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳти роҳбарии С. В. Орлов ва В. В. Фединский барои РАТ (аввалин дар [[Аврупо]] ва [[Осиё]]) дастгоҳи аксбардории шиҳобҳо (патрул), дар устохонаи РАТ ду астрографи дуқӯша ва астрокамера барои мушоҳидаи сито­ра­ҳои тағйирёбанда сохта шуданд. Олимони тоҷик бо ин астрографҳо ситораҳои тағйирёбандаро муназзам му­шо­ҳида ва аксбардорӣ намуда, чанд ситораҳои тағйирёбанда, А. В. Соловёв (соли 1945–1952) дар бурҷи Уқоб ва Ақраб ва В. Сотиволдиев (1962) дар бурҷи Дубби Асғар чунин ситораҳоро кашф карданд. Соли 1951 таҳти роҳбарии Л. А. Катасёв дастгоҳи нави аксбардории ши­ҳоб­ҳо (НАФА 3С/25) сохта шуда, сабти шиҳобҳо бо усули радиометрӣ оғоз ёфт. Соли 1958 бо роҳбарии П. Б. Бобоҷонов яке аз аввалин дар ИҶШС истгоҳи мушоҳида ва аксбардории радифҳои маснӯи Замин ва соли 1975 дар заминаи он Шуъбаи астрометрия таъсис дода шуд. Соли 1958 дар заминаи [[Расадхонаи астрономии Тоҷикистон]] (РАТ) Институти астрофизикаи АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт, ки 3 шуъба дошт: ситораҳои тағйирёбанда, шиҳобҳо ва зузанабҳо. Бо зиёд шудани ҳаҷми пажӯҳишҳои илмӣ ва тағйири фазои мушоҳидавии шаҳри [[Душанбе]] (афзоиши газҳои саноатӣ дар атмосфера) сохтмони расадхонаҳо дар ягон ҷойи дигар пеш омад. Дар натиҷа 3 расадхона сохта шуд: [[Расадхонаи ахтаршиносии Ҳисор]] (1963–71), Расадхонаи куҳии «Санглох» (1980) ва Расадхонаи баланд­куҳи Помир дар Мурғоб («Маҷмааи хуршедии ахтаршиносии заминии «Помир», САНКП). Олимони тоҷик дар таҳқиқи зузанабҳо (ситораҳои думдор) ба комёбиҳои намоёни илмӣ ноил гаштанд. 13 июли 1955 А. М. Бахарев зузанаби наверо кашф кард, ки бо номи ӯ номгузорӣ шудааст (С/1955 N1 Bakharev-MacFarlane-Krienke). Олими тоҷикистонӣ А. Н. Пушка­рёв ҳамроҳи олимони Словакия ва Россия феҳ­рис­ти 126 зузанаби кӯтоҳдаврро тартиб дод. Дар рушди бо­суръати илми ахтаршиносӣ дар Тоҷикистон ширкати оли­мони тоҷик дар барномаҳои илмии байналмилалии «Соли байналмилалии геофизикӣ» (1957–58), «Соли бай­нал­ми­ла­лии Офтоби фаъол» (1969–71), «Барномаи байналмилалии таҳқиқоти атмосфераи мо­байнӣ» ва ғайра мусоидат карданд. Ин-тиИнститути астрофизикаи АИ ҶТ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байналмилалии таҳқиқи зузанаби Галлей (СОП­РОГ), «Интер-космос», «Мерит», «Большая хорда» ва шӯравии «ФОН» ва «ФОКАТ», стандарти давлатии ИҶШС «Моддаи метеорӣ» ва модели атмосфераи Замин барои эҳтиёҷи таҳқиқоти кайҳонӣ ширкати фаъол дошт. Натиҷаи мушоҳидаҳои зузанаби Галлей дар татбиқи лои­ҳаи ҳайати (миссияи) кайҳонии «ВЕГА» ба ин зузанаб истифода (1985–86) ва ба бойгонии байналмилалии натиҷаҳо (IHW) ворид карда шудаанд. Натиҷаҳои омӯзиши хосиятҳои ҳастаи зузанабҳо дар тайёр намудани лоиҳаи ҳайати (миссияи) кайҳонӣ ба зузанаб ва астероидҳо («Розетта») истифода гардидаанд. Мушоҳидаҳои радифҳои маснӯи Замин (РМЗ) баҳри табдили мадорҳои истгоҳҳои байнисайёравӣ, РМЗ ва феҳристи радифҳои собит истифода шуданд. Соли 2006 Институти астрофизикаи АИ ҶТ бо Институти математикаи амалии ба номи М. В. Келдиши АИ Россия дар доираи лоиҳаи ISON (Пул­КОН) дар заминаи Расадхонаи ахтаршиносии Ҳисор ҳамкориҳои илмӣ оғоз намуд. <br />
Инчтитути астрофизикаи АИ ҶШС Тоҷикистон барои дастовардҳои намоён дар ҷабҳаи ахтаршиносӣ соли 1969 бо ордени [[Байрақи Сурхи Меҳнат]] мукофотонида, ба ду сайёраи хурдномҳои «Тоҷикистон» (2469) ва «ГисАО» (2746) до­да шуд.