Аслиддин Низомов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Эзоҳ: ислоҳи шаблонҳо using AWB
Сатри 33:
Шӯъбаи созҳои халқии Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1971), шӯъбаи мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи [[Мухтор Ашрафӣ]], синфи профессор [[Файзулло Кароматов]] (1976) хатм намудааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Шашмақом ва анъанаҳои назми классикии тоҷикӣ-форсӣ» (Тошканд, 1990) ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Суфизм дар қаринаи фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Миёна» (Тошканд, 1998) дифоъ намудааст.
Баъди хатми Консерватория ба сифати ходими илмии Институти таърихи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] кор карда, бо таъсиси кафедраи мусиқии Шарқ дар [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] (1979) нахустин мудири он (то соли 1982) таъйин мегардад. Соли 1980 вай ба узвияти Иттифоқи композиторони СССР қабул гардида, соли 1981 аъзои Бюро оид ба танқиди мусиқии ташкилоти мазкур интихоб мегардад.
Аз соли 1982 то 2007 вай дар вазифаҳои сардори раёсати оид ба корҳои санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, директори [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ]], 1987-1999 ходими калони илмии шуъбаи таърихи санъати Ин-тиИнститути таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]], корманди масъули шӯъбаи идеологии КМ ПК Тоҷикистон, 1999-2000 сардори шуъбаи кадрҳо оид ба таълим ва илми Вазорати фарҳанги ҶТ, сардори раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг, раиси [[Иттифоқи композиторони Тоҷикистон]] (2001–2007), мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. з соли 2007 то 2013 Аслиддин Низомов ректори [[Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] буд.<ref name="ReferenceA">Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011. — С. 120—123</ref>
 
== Фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ ==