Бамако: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 55:
}}
 
'''Бамако́''' ({{lang-fr|Bamako}}) — [[шаҳр]], пойтахти [[Малӣ]].
 
== Ҷуғрофиё ==
Сатри 61:
 
== Иқтисод ==
Бамако маркази иқтисодӣ, маданӣ ва тиҷоратию молиявии мамлакат буда, дар он корхонаҳои истеҳсоли мошинҳои кишоварзӣ, коркарди чарму пойафзор, маҳсулоти радиотехникӣ, селлюлоза ва коғаз; комБамако нассоҷӣ, ф-каҳои гӯгирд ва сигор фаъолият доранд. Қолибофӣ, кандакории чӯб, устухони фил ва диг. навъҳои касбу ҳунари халқӣ тараққӣ кардаанд. Дар Бамако савдои пахта, фундуқи заминӣ ва равғани рустанӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Бамако 2 осорхона, донишгоҳҳо, китобхонаҳо, мактабҳои махсус, коллеҷҳои тиббӣ, дандонпизишкӣ, муҳандисӣ, омӯзгорӣ, инчунин ин-тҳоиинститутҳои таҳқиқоти илмӣ ва санъати тасвирӣ дорад. Дар асоси лоиҳаи меъморони шӯравӣ (А. Афанасев ва диг.) дар Бамако маҷмааи биноҳои варзишӣ ва муассисаҳои таълимӣ сохта шудаанд (1962–66).
 
== Таърих ==
Бамако аз давраҳои қадим макони зисти одамон буда, дар а-ҳои 11–15 яке аз марказҳои исломии Империяи Малӣ ба ҳисоб мерафт. Соли 1883 аз тарафи сипоҳиёни Фаронса забт гардид; аз с.соли 1908 бошишгоҳи идорӣ ва маъмурии мустамликадории Сенегали Боло ва Нигер, 1920–58 маркази маъмурии Судони Фаронсавӣ ва 1958–60 Ҷумҳурии Мухтори Судон, аз с.соли 1960 пойтахти Ҷумҳурии Малӣ ва маркази вил. ҳамном. Аз с.соли 1977 – воҳиди маъмурии мухтор – дистрикт. Ёдгорҳои таърихӣ ва меъмориаш – тасвирҳои рӯисангии давраи неолит (дар ғорҳои назди Бамако), масҷидҳо, калисоҳои католикӣ ва протестантӣ. Дар атрофаш Боғи миллии Бавле ҷой гирифтааст.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 70:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Бамако|2|муаллиф=}}
 
{{Пойтахтҳои Африқо}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бамако"