Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Сарварон: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 9:
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои гуногун Саид Носиров (1934- 1935), Аҳмадбек Мавлонбеков (1935-1937), [[Сотим Улуғзода]] (1944-1946), [[Мирзо Турсунзода]] (1946-1977), [[Мӯъмин Қаноат]] (1977-1991), [[Аскар Ҳаким]] (1991-2003) ва [[Меҳмон Бахтӣ]] (аз 2003 то 2015) раисӣ кардаанд.
Раисии Кумитаи нави ташкилотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои 1938-1939 [[Абдусалом Деҳотӣ]], дар солҳои 1940-1944 [[Мирзо Турсунзода]] бар уҳда доштаанд.<ref name="ReferenceA">Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>
С-ҳои 1946 – 1977 раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон [[Мирзо Турсунзода]] буд. Аз с.соли 1977 котиби якуми ИНТ [[Мӯъмин Қаноат]] буд. Баъдтар [[Аскар Ҳаким]] раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Алҳол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон [[Низом Қосим пури Ҷаҳонгир]] аст.<ref name="ReferenceA"/>
== Сохтор ==
Роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз раис, ду нафар ҷонишин ва ҳайати раёсат иборат аст, ки дар анҷумани нависандагон интихоб мешаванд. Дар назди раёсати Иттифоқи нависандагон бахшҳои назм, наср, драматургия, адабиёти кӯдакону наврасон, танқиди адабӣ, тарҷума ва робитаҳои адабӣ, адабиёти русизабону ӯзбекзабон босамар фаъолият мебаранд.