Иттифоқи композиторони Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: clean up using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 1:
'''Итттифоқи композиторони Тоҷикистон''' — ташкилоти ихтиёрии ҷамъияти эҷодии [[композитор]]он ва мусиқишиносони ҷумҳурӣ, ки бо мақсади инкишоф додани беҳтарин анъанаҳои мусиқии классикӣ ва халқии тоҷик, аз бар намудани бойгарии қимматбаҳои мусиқии классикии Ғарбу рус ва беҳтарин осори мусиқии ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.
== Таърих ==
ИК Тоҷикистон с.соли 1940 таъсис ёфт ва раиси Кумитаи ташкилии он [[Сергей Баласанян|С. А. Баласанян]] интихоб гардид. Анҷумани якуми ИК Тоҷикистон с.соли 1948 барпо шуд, ки он Раёсати (Правленияи) ИК Тоҷикистонро интихоб кард. То с.–ҳоисолҳои 90-уми а. XX 8 анҷуман шуда гузашт: 1948, 1956, 1962, 1966, 1970, 1976, 1981, 1987, органи иҷрояи он Раёсат мебошад. Композиторон [[Сергей Баласанян|С. А. Баласанян]], [[Александр Степанович Ленский|А. Ленский]], [[Сергей Баласанян|С. А. Баласанян]], [[Фазлиддин Шаҳобов]], [[Сергей Баласанян|С. А. Баласанян]], [[Зиёдулло Шаҳидӣ]], [[Сергей Баласанян|С. А. Баласанян]],Ш. Сайфиддинов, [[Сергей Баласанян|С. А. Баласанян]], [[Дамир Дӯстмуҳаммадов]], дар солҳои гуногун раиси Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
 
Дар 25 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 анҷумани Иттифоқи композиторони Тоҷикистон шуда гузашт, ки композиторон
Сатри 11:
[[29 апрел]]и с. [[2017]] Анҷумани XIV ғайринавбатӣ баргузор гардид, ки [[Хуршед Низомов]] раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид.<ref name="ReferenceA">[[Ҷӯрахон Обидпур|Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.160-162. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}}</ref>
 
Дар замони Шӯравӣ дар назди Шӯъбаи тоҷикистонии Иттифоқ фонди ҷумҳуриявии мусиқии ИҶШС мавҷуд буд, ки ба кори эҷодӣ ва ташвиқи асарҳои композиторон ёрии моддӣ мерасонд. Дар таърихи 1 январи с.соли 1988 41 нафар композитор узви ИК Тоҷикистон буд. То с.соли 1990 аз композиторон 3 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон мушарраф гаштанд. Аз ҳисоби композиторон 1 нафар лауреати Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва 3 нафар лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон ҳастанд.
Вале бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) кори ИКТ ранги дигар гирифт. Чунон ки дар пешгуфтори китоби «Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон» (2011) омадааст: {{аввали иқтибос}}«Бо пош хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттифоқи Советӣ, иттифоқи ягонаи композиторон низ аз байн рафт. Бо мурури замон баъзе композиторон фавтидаанд ва иддаи дигаре ҷумҳуриро тарк намудаанд. Дар чунин вазъ Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ки дар ибтидои давраи Истиқлол нисбатан хеле камшумор ва заиф шуда буд, аз сари нав қомат афрохт. Ба шарофати соҳибистиқлолии Ватан, ҳисси ватанпарварию ҳувияти миллии композиторон ва мусиқишиносони эҷодкор боло рафта, тадриҷан сафи узви Иттифоқ пурратар гардида, потенсиали эҷодии ин ташкилот барқарор шуда истодааст».{{охири иқтибос|сарчашма=Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. Душанбе,2011}}
 
Дар 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ИКТ тавонист маълумотномаи ИК Тоҷикистонро бо забони русӣ («Композиторы Таджикистана», 2010) дар ҳаҷми 312 саҳ. ва ҳамин маълумотномаро с.соли 2011 бо забони тоҷикӣ дар ҳаҷми 187 с. чоп кунад, ки дар ин китобҳо дар бораи 86 нафар композиторону мусиқишиносони гузаштаву муосир маълумот дода шудааст. Асарҳои эҷодкардаи онҳо бо солҳои эҷодашон номбар шудаанд. Мураттибон дар бораи ҳаёту фаъолияти эҷодии ҳар як композитор ё мусиқишинос маълумоти муфассал додаанд. Яъне композиторону мусиқишиносони тоҷик дар 27-соли истиқлоли давлатӣ асарҳои зиёде дар жанрҳои гуногун эҷод намудаанд: асарҳои симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ ва хорӣ, эстрадӣ-симфонӣ, камеравӣ-созӣ, консерту контата, увертюраву сюита, достону оратория, суруду романс, ҳамчунин китобҳои илмию дарсӣ ва ғ. Дар ин давра операҳои «Умари Хаём»-и [[Фирӯз Баҳор]], «Амир Исмоил»-и [[Толиб Шаҳидӣ]], «Шайхурраис Сино»-и М. Бафоев ва балети бачагонаи [[Амирбеки Мусо]] «Афсонаи ҷангалӣ» эҷод шуданд.
 
Аз аъзои ИКТ 7 нафар бо Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ([[Хайрулло Абдуллоев]], [[Дамир Дӯстмуҳаммадов]], [[Фаттоҳ Одина]], [[Талабхӯҷа Сатторов]], [[Қудратуллоҳ Яҳёев]], [[Саидқул Билолов]], [[Файзалӣ Ҳасанов]]) ва 3 композитор ([[Шарофиддин Сайфиддинов]], [[Абдураҳмон Тошматов]], В. Абдураҳмонов) бо Мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ қадрдонӣ шудаанд. 3 композитор бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқӣ ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон (А. Абдурашидов, С. Билолов, Ф. Ҳасанов) ва 11 нафар узви ИКТ бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон (собиқ Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон) – А. Солиев, А. Раҷабов, Т. Сатторов, Қ. Яҳёев, Ҷ. Обидпур, Ф. Азизӣ, З. Миршакар сарфароз гаштаанд.