Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Эҷодиёт: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 38:
Охирин хидмати фаромӯшношудании ӯ таҳрири чанд ҳарфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад, ки китоби рӯимизии хурду калон гардидааст.<ref name="Абдусалом Деҳотӣ">{{Cite web|url=http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/368-abdusalom-de-ot|title=Абдусалом Деҳотӣ|author=|website=www.navisandagan.tj |date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-09-18}}</ref>
 
Дар шеър яке аз шогирдони Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. «Манзараҳои сегона» (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи «Ҳуҷум» — и ш.шаҳри Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорони [[водии Фарғона]] (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
Пас аз ҷанг ва дар с — ҳои 50 — ум дар лирикаи Деҳотӣ мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.
Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии «Хусрав ва Ширин» (1936), мустақилона либреттои операҳои «Шӯриши Восеъ» (1940) ва «Комде ва Мадан» (1952)-ро навиштааст. Соли 1953 (ҳамроҳи Б.Раҳимзода) мазҳакаи «Қиссаи Таърифхоҷаев»-ро ба қалам овардааст.<ref name="Абдусалом Деҳотӣ"/>