Охнотун: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Аменхотепи IV to Охнотун |
х →Ҳукмронӣ: ислоҳи ихтисораҳо using AWB |
||
Сатри 3:
== Ҳукмронӣ ==
Солҳои ҳукмр. 1365 – 48. А. IV писари Аменхотепи III буд. Дар 15-солагӣ бар тахт нишаст ва ба ӯ лақаби Неферхепрура, яъне «беҳтарин офаридаи Ра» дода буданд. Ра (Офтоб) – худои олии Мисри Қадим аст. Баъд аз як соли ҳукмрониаш ба ӯ лақаби Уэнра, яъне «мутааллиқи ягонаи Ра» илова гардид. А. IV-ро дар маъхазҳо гоҳо пешгӯй ва ё ғайбдон ва гоҳо девона ҳам номидаанд. А. IV бар хилофи издивоҷи анъанавии фиръавнҳо бо Нефертитӣ ном зебодухтари яке аз ашрофзодаҳо хонадор шуд. А. IV
Дар пойтахти таъсисдодаи А. IV – Ахетатон бостоншиносон суруде бо номи «мадҳияи Атон» пайдо кардаанд, ки он яке аз асарҳои бадеӣ, фалсафӣ ва динию ривоятии қадим маҳсуб мешавад. Ин суруд нисбат ба дигар сурудаҳои динии мисриёни қадим мазмуни васеъ дошта, Атон ҳамчун худои ягона на танҳо барои мисриён, балки барои ҳамаи кишварҳо маънидод мешуд. А. IV умри дароз надид ва ҷавон фавтид. Пас аз марги А. IV мӯбадоне, ки ба тавассути парастиши маъбадҳои гуногун ризқу рӯзӣ ба даст меоварданду аз он маҳрум шуда буданд, ба шӯриш хеста, боз парастиши Амонро барқарор карданд ва ба шоҳи яктопарасти худ лақаби девонаро ошкоро илқо карданд. Пойтахт ҳам боз ба Фив кӯчонда шуд ва Ахетатон оҳиста-оҳиста хароб гардид.
|