Балучистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 5:
 
== Таърих ==
Мувофиқи маълумоти маъхазҳои хаттӣ, даврони қадим дар ҳудуди Балучистон ақвоми мака, гедрот ва ғ. зиндагӣ мекарданд. Балучистони асрҳои миёна тадриҷан ба ҳайати Хилофати Араб, давлатҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ҳулогуиён, Темуриён дохил мегардид. Дар ибт. а.садаи 17 дар ҳудуди Балучистон чанд хонигарии феодалӣ ба майдон омаданд, ки ҳокимонашон тобеи Сафавиён ва Темуриёни Ҳинд буданд. Баъдан, дар бадали талошу муборизаи якҷои қабоили балучу браҳвай алайҳи Темуриёни Ҳинд, дар а.садаи 17 хонигарии Калот таъсис ёфт, ки аз диг. хонигариҳои балуч пурқувваттар буд. Сардорони хонигарии Калот дар имтидоди солиёни дароз гоҳ алайҳи калҳурони Синд, гоҳ бар зидди ғилзуёни Афғонистон мубориза бурда, муттасил сарҳадди Балучистонро тағйир медоданд. Ниҳоят, ҳокими баруманди хонигарии Калот Мирносирхони Балуч (1750-95) хонигариҳои дигари балучро таҳти итоати худ дароварда, ҳудуди хонигариро тақр. то сарҳадди ҳозира Балучистони Покистон вусъат бахшид ва худашро тобеи шоҳони Дурронии афғон эълон намуд. Баробари зуҳури ҳолландиён ва баъдтар, англисҳо дар Халиҷи Форс аҳаммияти хонигарии Калот ва тамоми қаламрави балучнишин муттасил афзудан гирифт, зеро Балучистонро мустамликадорони Британияи Кабир майдони мувофиқе барои истилои Ҳиндустону Эрону Афғонистон меҳисобиданд. Соли 1839 аз ҷониби миссияи Британияву сардорони Калот аҳднома ба тасвиб расид, ки балучонро уҳдадор менамуд, то дар бадали таъмини истиқлолият ва тамомияти арзияшон амнияти қувваҳои низомӣ ва убури нақлиёти британиҳоро ба сарҳадди Афғонистон кафолат диҳанд. Мувофиқи шартномаи солҳои 1854, 1876 ва 1879, ки бар дӯши ҳокимони Калоту Кобул бор карда буданд, Балучистони Шарқӣ ба Англия тобеъ ва расман ба Балучистони Британия ва Федератсияи музофоти Балучистон (Калот, Хорон, Мукрон, Лос-Бало) тақсим карда шуд. Дар давоми солҳои 1849-57 Балучистони Ғарбӣ ба ҳайати Эрон, авг. 1947, баъди соҳибистиқлол шудани Покистон Балучистони Британия ва марти 1948 Федератсияи музофоти Балучистон ба ҳайати Покистон дохил карда шуданд. Сарҳадди байни Балучистони Шарқиву Ғарбӣ 25 окт. соли 1956, мувофиқи шартномаи Эрону Покистон, мушаххасу муқаррар гардид. Қавму қабилаҳои балучӣ бештар аз 650 номгӯйро ташкил дода, бар иловаи Покистону Эрон, дар қаламрави Афғонистон, Туркманистон, Уммон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (Иморот) зиндагӣ ба сар мебаранд. Шумораи умумии балучҳо (2010) бештар аз 7,5 млн нафар буда, забони адабии балучӣ, ки ба гурӯҳи шарқӣ-ғарбии забонҳои эронии хонадони забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад, муттаҳидашон медорад. Алҳол ба ин забон дар Покистон қариби 6 млн, Эрон 1,5 млн, Афғонистон 500 ҳазор, Уммон 130 ҳазор, Иморот тақр. 100 ҳазор, Ҳиндустон наздики 100 ҳазор, Туркманистон наздики 40 ҳазор нафар гуфтугӯ мекунанд. Забони балучиро, маъмулан, ба ду гурӯҳи лаҳҷаҳо ҷудо мекунанд — шимолӣ ва ғарбӣ. Асоси хатту алифбои балучони Покистону Эрону Афғонистон ва мамолики арабро алифбои арабӣ ташкил дода, нахустин навиштаҷоти арабиасоси балучӣ мутааллиқи а.садаи 18 мебошанд. Ибт. солҳои 1930 барои балучони Иттиҳоди Шӯравӣ алифбои лотинибунёд офариданд, ки баъди муддате чоп кардани рӯзномаҳои маҳаллӣ ва тарҷумаи маводди идеологӣ, ох. с.-ҳоисолҳои 1930, корбурдаш қатъ гардид. Дек. 1989 дар рӯзномаи ноҳ. Иёлатон «Тоза дурмуш» («Рӯзгори нав») саҳифае ба забони балучӣ мунташир гардид, ки дар заминаи алифбои кириллӣ сурат гирифта буд. Ниҳоят, соли 1990, донишманди ленинградӣ С. Аксёнов ҳамроҳи намояндагони илму маорифи шӯравии балуч дар заминаи алифбои кириллӣ алифбои нави балучиро таҳия намуд, ки солҳои 1992-93 тавассути он чанд дастури таълимӣ, соли 2005, дар Институти тарҷумаи Библия, матни балучии Инҷили Луқоро мунташир сохтанд.
 
== Ҷуғрофиё ==
Сатри 12:
Қадимӣ будани балуч (балуҷ, балус)-ҳо ва баромади таърихӣ-этникиашон исбот шудааст. Мутобиқи навиштаҳо, балучҳо аслан аз навоҳии шим. Эрон (каронаҳои ҷан. Баҳри Хазар) мебошанд, аммо таърихи дақиқи пайдоиш ва оғози муҳоҷираташон аз шим. ба ҷан. Эрон (навоҳии Форсу Кирмон) маълум нашудааст. Олими англис А. В. Ҳюз ибтидои ҳиҷрати мавриди назарро ба охирҳои а. 6 ва авв а. 7 м нисбат додааст. М. Л. Ҷемс, ба саволи кай оғоз ёфтани даврони муҳоҷирати балучҳо ҷавоби равшане надода, чунин мешуморад, ки сабабгори асосии аз шим. ба ҷан. Эрон кӯчидани балучҳо ҳуҷуми ҳайтолиён (а-ҳои 5-6) ба навоҳии шим. Эрон мебошад. Балучҳо то замони Эрони Ҷанубиро истило кардани арабҳо (Кирмонро с. 643 забт намуда буданд) дар қисматҳои ҷан. ғарби Кирмон сукунат дошта, дар ҳаёти сиёсии музофоти номбурда мақоми назаррасеро соҳиб буданд. Балучҳо аз ҳамон замонҳо ба забони балучӣ, ки аз забони форсии даргарди Кирмон хеле фарқ дошт, гуфтугӯ мекарданд (Ибни Ҳавқал). Дар баробари забони худашон, ба забони форсӣ ҳам озодона сухан меронданд (Муқаддасӣ).
 
Дар Афғонистон наздики 0,5 млн балучон зиндагӣ мекунанд, ки намояндаи қавму қабилаҳои нарвӣ, рахшонӣ, сорунӣ, санҷаронӣ ва гургич буда, монанди балучҳои дигари ҳамтабору ҳамҷаворашон аслу насаби эронӣ доранд ва дар а-ҳои 14-15 муқими навоҳии Нимрӯзу Ҳилманди Афғонистон шудаанд. Балуҷон дар Қандаҳор охири садаи 17-авв а.садаи 18 пайдо шуда, асосан машғули кишоварзӣ мебошанд. Балучони навоҳии ҷан. Афғонистон миёнаҳои а.садаи 18 сукунат ихтиёр кардаанд. Мас., дар Чоҳонсур, ки муқимӣ гаштаву ба кишоварзӣ машғуланд, балучҳо дар солҳои 40 а. 20 аз худ дарак додаанд. Оҳиста-оҳиста гурӯҳҳои алоҳида, маъмулан, камшумори қабоили балуч озими шим. Афғонистон шуда, дар шаҳру навоҳии Ҳироту Мазори Шарифу Қатаған, ҳатто Бадахшони дурдаст сукунат варзидаанд ва то имрӯз дар миёни тоҷикону ҳазораҷоту нуристонӣ ва диг. халқу қавмҳои муқими Афғонистон машғули кору рӯзгори суннатиянд.
 
Балучистони Шарқӣ (Покистон; масоҳ. 348 ҳазор км 2) аз 12 ноҳияи сиёсӣ-ҷуғрофӣ таркиб ёфтааст: Заҳоб, Кветтаи Пешин, Себӣ, Лоралай, Кач-Гандова, Чағай, Ҳорон, Саровон, Калот, Ҷаловон, Мукрон, Лос-Бало Шароити табиии Балучистон и Шарқӣ (Покистон). аз вилоёти ҳамҷавораш ба куллӣ фарқ мекунад ва аз ин ҷиҳат бештар қисмати ҷан. шарқии пуштакӯҳҳои Эронро хотирнишон месозад. Заҳоб дар интиҳои бахши шим. Шарқии Балучистон и Шарқӣ (Покистон) ҷой гирифтааст. Кветтаи Пешин, Себӣ, Лоралай ва Кач-Гандова дар самти шарқӣ-шимолӣ ва шарқи вилоят қарор доранд. Чағай қисмати шим. ғарбии Балучистони Покистонро ташкил дода, Ҳорон дар самти ғарбӣ-шафати сарҳадди давлатии Покистону Эрон доман густардааст. Калоту Саровону Ҷаловон дар маркази вилоят, аз самти шим. ба ҷан., аз Кветта то сарҳадди хонигарии Лос-Бало, мақом доранд. Мукрон саросари бахши ғарбӣ, хонигарии Лос-Бало қитъаи тангеро қад-қади соҳили Мукрони Баҳри Араб дар бар мегирад. Қисматҳои шим. шарқӣ ва марказии Балучистони Покистон бештар кӯҳсоранд. Аз ин ҷо силсилаи хурди кӯҳҳои Сулаймон тӯл кашида, мувозӣ бар онҳо, қад-қади сарҳадди Покистону Афғонистон, дар имтидоди қариб 500 км силсилакӯҳи азими Тобаи Какар қомат афрохтааст. Силсилакӯҳи Хоҷа-Умрон (қ-и балантаринаш аз сатҳи баҳр-2704 м) идомабахши Тобаи Какар мебошад. Ҷанубу ғарбтар аз Хоҷа-Умрон кӯҳҳои Сирла (Сирлот) ҷой гирифтаанд, ки водии д. Шарорӯдро аз водии Шаровак ҷудо мекунанд. Қад-қади сарҳадди Покистону Афғонистон, аз Ш. ба Ғ., силсилаи начандон баланди Кӯҳи Султон (Чағай) тӯл мекашад, ки дар пайвандгоҳи сарҳадди се давлат-Покистону Эрону Афғонистон — қ-и Кӯҳи Малики Сиёҳ (1648 м аз сатҳи баҳр) хоима мебахшад. Аз Кветта ба самти ҷануб силсилакӯҳи Брагуйи Марказӣ тӯл мекашад. Силсилакӯҳҳои начандон калони дигар қисмати марказии вилоятро фаро гирифта, пуштакӯҳи Брагуйро шерозабандӣ мекунад. Дарозии умумии силсилаи мазкур 355 км, бараш то 112 км, баландии миёнааш то 2000 м аст. Нишебҳои ҷанубии силсилакӯҳи Брагуйи Марказӣ бо шохаҳои қ-кӯҳи Қиртор, ки ҳудуди Балучистони Покистонро аз Синд ҷудо мекунанд, мепайванданд. Дар самти ғарбӣ мувозӣ бо Қиртор, қ-кӯҳҳои хурди Худӣ, Чакар, Бадур ва Ҳамлинг (баландии қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр 1231—1524 м) тӯл кашидаанд. Ғарбтар аз пуштакӯҳи Брагуй кӯҳҳои Рускӯҳ (тӯлашон 245 км, баландии қ.- ҳояшон аз сатҳи баҳр то 2650 м.) биёбони Ҳоронро аз ҳамвории сангу регзори Чағай ҷудо мекунанд. Дар чарогоҳи водиҳои Рускӯҳ балуҷони кӯчӣ чорво мечаронанд. Қисмати ҷанубии вилоят-Мукрон (ё Кач-Мукрон, ки ба хотири фарқ карданаш аз Мукрони Балучистони Эрон чунин меноманд)-ро се қ-кӯҳи ҳамноми аз ғарб ба шарқ ва шим. шарқ тӯлкашида ишғол мекунанд. Қад-қади соҳили Баҳри Араб, қ-кӯҳҳои Мукрони Соҳилӣ ба масофаи 450 км тӯл кашидаанд, ки давоми кӯҳҳои Ҷануби Эрон мебошанд. Андаке шимолтар аз ин силсила ва мувозӣ бар он силсилакӯҳи Мукрони Марказӣ (тӯлаш 400 км), убур мекунад. Шохаҳои шимолии силсилакӯҳҳои Мукрони Марказӣ бо силсилаи севуми Мукрон — Кӯҳи Сиёҳон, ки Мукронро аз биёбони Ҳорон ҷудо мекунад, пайваст мешаванд. Қисмати аксари ҳудуди Балучистони Ғарбиву Шарқиро силсилакӯҳҳо ва шохаҳояшон фаро гирифтаанд. Истисно қисмати ғарбии Балучистони Покистон аст, ки соҳати калонеро ҳамвории регу сангистони Чағай фаро гирифта, ба регистони Ҳорон мерасад, ки дар навбати худ ба суфакӯҳи биёбони Балуч мепайвандад.