Барбарият: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 1:
'''Барбарият''', '''барбаризм''' — истилоҳи иҷтимоиест, ки нисбати ашхоси алоҳидаи бемаърифату бефарҳанг, ваҳшитабиат, харобкор, қотил, бемурувват, ҳайвонсифат ё гурӯҳи одамон ва ё қабоили ҷудогона, ҳатто дар даврабандии таърихӣ дар бисёр мамлакатҳо кор фармуда мешавад.
Барбарият аз номи қабоили барбар (вожаи юнонии barbaros) – ҳамаи онҳое, ки ба забону фарҳанги юнонӣ мансуб набуданд – гирифта шуда, минбаъд дар байни соири миллату халқиятҳо маъмул гардид. Юнониён Шарқро сарзамини барбарҳо медонистанд. Як вақтҳо юнониҳою румиҳо барбарҳо гуфта олмониҳоро дар назар доштанд ва дар асри аввали милодӣ вазъе дар Олмон ба вуҷуд омад, ки номи онро ҷанги барбарҳо меномиданд. Он барои барҳам додани сохти ғуломдорӣ ва ташаккули сохти феодалӣ дар Рим мусоидат кард. Вожаи Б. комилан мухолифи маънои калимаи башардӯстӣ (гуманизм) аст. Симои бадтар аз хислатҳои ҳайвонии ин қабил инсонҳоро дар амалу ҷиноятҳои хусусӣ ва гурӯҳии онҳо дидан мумкин аст. Ин хислатҳо ва симои ҳақиқии онҳо вақте зоҳир мешавад, ки барои манфиатҳои шахсӣ аз ҳеч як амали зишт рӯ намегардонанд. Вале бо вуҷуди дар забонҳои гуногуни дунё роиҷ будани чунин истилоҳ маънои онро набояд ба қабоилу халқиятҳои ба барбар итлоқшуда талаққӣ кард. Зеро ба ишораи Деҳхудо «Барбарҳо миллатҳою қабилаҳои бешуморе ҳастанд ва ҳар мавзеъ ба қабилаҳое аз онҳо, ки дар он сукун доранд, номида шудааст». Мас., Муҳаммади Нурӣ муътақид аст, ки барбарҳо номи умумии қабилаҳое дар шим. Африқо мебошад, ки баъдтар ба дигар нукоти ҷаҳон, аз ҷумла Аврупою Испания интишор ёфтаанд. Пешниҳоди файласуфи шотландӣ (с-ҳои 60
== Нигаред низ ==
|