Диктатураи пролетариат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 6:
Дар ин ҳол, ба таъбири Г. В. Плеханов диктатураи пролетариат танзо замон ҷомаи амал хоҳад пӯшид, ки синфи коргари ташкилёфта аксари миллатро ташкил дода, ба ғояҳои сотсиал-демократия мусаллаҳ шуда бошад. Ғояи диктатураи пролетариат дар идеологияи болшевикон мавқеи марказӣ пайдо кард ва сотсиал-демократзои чапгаро, бар хилофи гуфтаҳои Г. В. Пеханов, ба дӯши диктатураи пролетариат нақши суръатфизои протсесси револютсионӣ (ҷараёни инқилобӣ)-ро бор карданд ва имконияти инқилоби «перманентӣ»-ро собит карданӣ шуданд (Парвус, Л. Д. Тротский) ё худ сабзида расидани инқилоби буржуазӣ-демократӣ ба «диктатураи револютсионӣ-демократии пролетариат ва деҳқонон»-ро ба унвони марҳилаи васатии байни онзо қаламдод намуданд (В. И. Ленин).
 
Дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) В. И. Ленин ва Н. И. Бухарин арзишҳои либералии давраи ба онҳо муосир ва таҷрибаи институтзои демократии амалкунанда дар давлатҳои Ғарбро нодида гирифтанд. Баъди инқилоби февралии с.соли 1917 Ленин ва тарафдорони ӯ изҳор намуданд, ки «баргаштан» аз Совети депутатзои коргарон ва солдатҳо ба ҷумҳурии парламентӣ «як қадам ба ақиб» хоҳад буд. Пешомади наздиктарини инқилоб-республикаи Советҳо, худи он-«давлати коммуна»-шакли олии демократия ва дар айни ҳол диктатураи пролетариат мебошад. Демократия ва диктатура бо ҳам созгоранд: давлати нав барои пролетариат ва нодорон (табақаи камбағалони аҳолӣ) бояд демократӣ ва барои истисморгарон диктаторӣ бошад.
 
В. И. Ленин дар асарҳои с.-ҳоисолҳои 1918—1920 навиштааш қайд карда буд, ки байни ҳокимияти ягонаи диктаторӣ ва демократияи советӣ зиддият вуҷуд надорад. Зеро ҳазб ва доҳиёни он авангарде мебошанд, ки нерӯи синфи револютсиониро дар худ тасаввуру таҷассум намудаанд ва онҳо метавонанд диктатураи пролетариатро ба амал бароранд.
 
Системаи советӣ барои ҳамаи дигар мамлакатҳо мувофиқ ва қобили истифода дониста мешуд. Вале арзиши «гарон»-и револютсия ва ҷанги граждании ногузир ба ҳисоб гирифта намешуд ва минбаъд он ба куллӣ муқовимати синфи дороён арзёбӣ мешуд. Бисёр нуктаҳои таълимоти болшевикон дар бораи диктатураи пролетариат тавассути сотсиалистони Ғарб (К. Каутский, Р. Люксенбург ва диг.) ва Русия(Ю. О. Мартов) мавриди иниқод қарор гирифтанд. Онҳо таъкид мекарданд, ки болшевиконро, ки мардуми онро зимни инқилоби февралии с.соли 1917 ба даст оварда буд, барзам заданд. Дар Россияи советӣ ақаллияти ҳукмрон бештар ба системаи террор даст мезаданд, зеро душманро дар байни аксарият, аз ҷумла афрод, гурӯҳ ва табақаҳои ҷамъиятӣ ҷустуҷӯ мекарданд.
 
== Эзоҳ ==