Африқо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Кишварҳо: ислоҳи номи кишварҳои арабӣ using AWB
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 33:
 
== Мавқеи ҷуғрофӣ ==
Онро уқёнусҳои Атлантику Ҳинд ва Баҳри Миёназамину Баҳри Сурх иҳота кардаанд. Африқоро гарданаи борики Суэтс (120 км) ва канали Суэтс бо Осиё мепайвандад ва гулугоҳи Гибралтар (бараш 14–44 км) аз Аврупо ҷудо мекунад. Хатти истиво қариб аз байни Африқо мегузарад. Димоғаи шимолтарини Африқо – Алабёз дар 37020′ а.садаи ш., димоғаи ҷанубтаринаш – Сузан дар 340 52′ а.садаи ҷ. воқеанд. Африқо аз Шимол ба Ҷануб 8000 км ва аз Ғарб ба Шимол то 7500 км тӯл кашидааст. Ҷазираҳои назди Африқо дар Шарқ – Мадагаскар, Комор, Маскарен, Амирант, Сейшел, Пемба, Мафия, Занзибар, Сокотра (дар Уқёнуси Ҳинд); дар Ғарб – Канар, Димоғаи Сабз, Аннобон, Сан-Томе, Принсипи, Фернандо-По (Биоко), Мадейра, ҷазираҳои дур – Вознесение, Еленаи Муқаддас, Тристанда – Куня (дар Уқёнуси Атлантик). Соҳилҳои Африқо каме каҷу ноҳамворанд. Халиҷҳои калонтарин: дар Ғарб – Гвинея, дар Шимол – Сидра, дар Шимол – Суэтс ва Адан. Нимҷазираи калонтарини Африқо – Сомалӣ.
 
== Релеф ==
Аз рӯйи ҳисоби миёнаи баланд будан аз сатҳи баҳр Африқо қораи баландтарини олам мебошад (750 м). Қисми шимолиаш аз сатҳи баҳр 200–500 м, ҷанубиаш (ҷанубтар аз 100 а.садаи ҷ.) 1000–2000 м баланд буда, дар Африқои Шарқӣ низ ба 2000 м мерасад. Баландии баъзе кӯҳҳои оташфишон 5000 м ва аз он ҳам бештаранд. Ба Африқо пуштакӯҳҳои зина-зина ва суффа­кӯҳу баландиҳо (Ҳабашистон, Аҳаҷҷар, Тибест ва ғайра) хоссанд, ки дар онҳо тафтаҳои оташфишонӣ қабати базалтиро ба вуҷуд овардаанд. Дар фурӯхамидагиҳои таҳ­курсии Африқо пастхамиҳои Калахари, Конго, Чад ҷойгир шудаанд. Дар қисми шим. ғарбии он кӯҳҳои Атлас ва дар қисми ҷанубу шарқӣ кӯҳҳои Аждар воқеанд. Ба ташаккули релйефи Африқоҳаракатҳои тектоникии эраи мезозой таъсири зиёд расондаанд. Қисми шарқии қораро, аз халиҷи Суэтс то дарёи Замбези, пастхамиҳои фурӯрафта бурида мегузаранд, ки дар онҳо Баҳри Сурх, биёбони Донакил, кӯлҳои Африқои Шарқӣ (ғайр аз Виктория) ҷой гирифтаанд. Қад-қади тарқишҳои қишри замин кӯҳҳои оташфишони хомӯшшуда ва амалкунандаи Килиманҷаро (5895 м – нуқтаи баландтарини Африқо), Кения (5199 м), Рувензори (5109 м) ва ғайра воқеанд.
 
== Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ ==
Сатри 50:
=== Хок ва наботот ===
[[Акс:Zebras, Serengeti savana plains, Tanzania.jpg|alt=Зебраҳо, заминҳои саваннаи Серенгети, Танзания|thumb|371x371px|Зебраҳо, заминҳои саваннаи Серенгети, Танзания]]
Хок ва набототи Африқо ба минтақаҳо тақсим мешавад. Қад-қади соҳилҳои халиҷи Гвинея ва пастхамии Конго бешаҳои сернами истивоӣ воқеанд. Бешаҳои анбӯҳи рустаниҳояшон гуногун, печактанаву эпифитҳо бисёранд. Дарахтҳо тақрибан ба 3000 навъ мерасанд. Дарахтони пурарзиш – сиёҳдарахт, кола, хурмо (аз баъзе навъҳои он май ва равған тайёр мекунанд) ва ғайра мерӯянд; хокаш хокистарранги латеритӣ. Дар Шимол ва Ҷануби дар ноҳияҳои гармсер тобистон боришот зиёд аст, то 35%-и масоҳати қитъаро саваннаҳои хоки сурхтоб, бешаҳои камдарахт ва буттазорон пӯшондаанд. Замини биёбонҳои тропикӣ (Саҳрои Кабир, Калахари) регзор ва санглох буда, набототаш аз рустаниҳои хушкидӯсту суккулентӣ иборат аст. Ба иқлими Саҳрои Кабир гиёҳҳои хӯшадори бебарг, буттаҳои паст хоссанд. Дар даштҳо гиёҳҳои хӯшадор ва дарахтони калон (баобаб), хурмо, ақоқиё мерӯянд. Дар канори шимолу ғарбӣ, ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ, яъне ноҳияҳои иқлимаш гармсер, бешаҳои хушк ва буттазорҳои хокашон хурмоӣ бештаранд. Дар Африқо 3712 ҷинс ва 4000 навъи рустаниҳо, аз ҷумла 900 флораи тропикии эндемӣ ([[дарахти аждаҳо]], [[нахли сейшелӣ]]) мавҷуданд; хусусан дар қисми ҷануби Африқо, ки он ба флораи ноҳияи Голартика, Атлас, африқоию алпӣ, мадагаскарӣ, Кап ва ғайра мансуб аст. Канорҳои шимол ва ҷануби қораро, ки хокашон хурмоист, буттазорҳои ҳаме­шасабз фа­ро гирифтаанд. Нимаи дуюми а.садаи 20 фаъолияти инсон ҷангалҳоро коста ва чарогоҳҳоро камгиёҳ кардааст.
 
== Олами ҳайвонот ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Африқо"