Балучистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 10:
Балучистон ё ҳудуде, ки дар соҳаташ қавму қабилаҳои сершумори балуч сукунат доранд, дар самти ҷан. шарқии пуштакӯҳи Эрон, дар байни Кирмон (аз Ғ.) ва д. Ҳинд (аз Ш.), дар каронаҳои соҳили Шаттулараб воқеъ гардидааст. Қисмати бештари ҳудуди номбурдаро биёбони ҳамворе, ки миқдори ками дарё дораду иқлимаш барои зиндагӣ номутобиқ аст ва аз ҳар ҷониб пуштакӯҳҳои бедолу- дарахт бурида мегузарандаш, фаро гирифтааст. Балучистони Эрон, (масоҳ. 155 ҳазор км²) ба чаҳор ноҳияи сиёсӣ-ҷуғрофӣ тақсим мешавад: Сарҳад, Саровон, Бампур (Эроншаҳр) ва Мукрон. Аз ҳудуди Сарҳад, ки қисмати шим. Балучистони Эронро фаро мегирад, силсилаи кӯҳҳои оташфишон тӯл мекашанд, ки ҳамвориҳои сангу регзор онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд. Дар миёни пуштакӯҳҳои қисмати марказии ноҳия кӯҳҳои Тафтон, ки баландии баъзе қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр 4150 м -ро ташкил медиҳад, қомат афрохтаанд. Дар қисмати шарқи Сарҳад, қад-қадди сарҳадди Эрону Покистон, силсилакӯҳҳои Бексар, Морпеч, Желакув ва ғ. тӯл мекашанд, ки қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр аз 1464 то 2976 м баландӣ доранд. Дар қисмати ғарбии ноҳия кӯҳҳои Пири Шарвон (Сиёҳбанд) қомат афрохтаанд, ки Сарҳадро аз Дашти Лут ҷудо мекунанд. Сарҳад ноҳияи чорводории кӯчиён (балучону курдон) аст. Саровон ҷанубу шарқтари Сарҳад, дар қад-қади сарҳадди Эрону Покистон, воқеъ гардидааст. Аз ҳудуди ноҳия кӯҳҳои Бампушт, ки Саровонро аз Мукрон ҷудо мекунанд ва кӯҳҳои Булак, ки қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр 2742 м баланд буда, сарҳадди Саровону Бампур аз канорашон мегузарад, тӯл кашидаанд. Аз нишебҳои шим. кӯҳҳои Бампушт яке аз д-ҳои калони камшумори Балучистон — Машкил (Машкид), ки тобистон хушку беоб намешавад ва воҳаҳои кишоварзии Балучистони Эрону Покистонро обёрӣ мекунад, ибтидо мегирад. Ноҳияи Бампур ҳавзаи васеъеро фаро мегирад, ки аз чаҳор тарафаш кӯҳҳо иҳота кардаанд. Дар Шим. қ-кӯҳи Каскаву кӯҳҳои Бозмон, дар Шим. Ғ. шохаи қ-кӯҳи Шоҳи Саворон, дар Ш. силсилакӯҳҳои Бераку Дарзана, дар Ҷ. кӯҳсори Банди Нилоғу Зардкӯҳ ҳавзаро ба ду қисмат (Шим. ва Ғ.) ҷудо мекунанд. Аз он дувумин д-и дарозтарини Балучистони Эрон — Бампур ҷорӣ мешавад, ки бисёре аз воҳаҳои киштзори ноҳияро шодоб медорад. Дар маркази ноҳия водии пурсарвати кишоварзии Хош доман густардааст, ки заминҳои ҳосилхезашро чашмаҳои аз кӯҳи Тафтон фурӯрезанда ва корезҳои сершумор обёрӣ мекунанд. Аҳолии таҳҷоии ноҳияро балучон ва тоҷикон («деҳвор»-он) ташкил медиҳанд, ки аз қадимулайём ба кишоварзӣ (деҳқонӣ) машғуланд. Ноҳияи доманадори Мукрон дар ҷан. Балучистони Эрон қарор дорад, ки масоҳ. 100 ҳазор км² аст. Заминҳои пурсамари Мукрон аз д-ҳои Рабиҷ (Фануҷ)-у Сарбоз (Дашти ёрӣ) ва корезҳои сершумор об мехӯранд. Дар бахши марказию шимолии Мукрон чарогоҳҳои сероб афзунанд, ки чорводорони маҳаллиро бо маҳсулоти чорво (гӯшту ширу пашму пӯст) таъмин медоранд. Дар ҳудуди ноҳия воҳаҳои калонтарини кишоварзии Балучистони Эрон — Сарбоз, Гоҳ, Қасрканд, Магас, Боҳукалот ва Дашти ёрӣ воқеанд, ки дар баробари ғалладона деҳқонон пахта (зироати сесола), танбоку ва ғ мерӯёнанд. Дар ҳудуди ноҳия қариб нисфи шумораи умумии аҳолии Балучистони Эрон зиндагӣ карда, наздики 80 дарсади сокинони ноҳия дар қисматҳои марказу шимоли он будубош доранд. Дар бахши ҷануби Мукрон, аз самти ғарб ба шарқ, силсилаи азими кӯҳҳои Эрони Ҷанубӣ тӯл мекашанд, ки аз теғаҳои пайиҳам сафкашида таркиб ёфта, дар ҳудуди Балучистони Покистон бо қ-кӯҳҳои Соҳилии Мукрон мепайванданд.
 
Қадимӣ будани балуч (балуҷ, балус)-ҳо ва баромади таърихӣ-этникиашон исбот шудааст. Мутобиқи навиштаҳо, балучҳо аслан аз навоҳии шим. Эрон (каронаҳои ҷан. Баҳри Хазар) мебошанд, аммо таърихи дақиқи пайдоиш ва оғози муҳоҷираташон аз шим. ба ҷан. Эрон (навоҳии Форсу Кирмон) маълум нашудааст. Олими англис А. В. Ҳюз ибтидои ҳиҷрати мавриди назарро ба охирҳои а.садаи 6 ва авв а.садаи 7 м нисбат додааст. М. Л. Ҷемс, ба саволи кай оғоз ёфтани даврони муҳоҷирати балучҳо ҷавоби равшане надода, чунин мешуморад, ки сабабгори асосии аз шим. ба ҷан. Эрон кӯчидани балучҳо ҳуҷуми ҳайтолиён (а-ҳоисадаҳои 5-6) ба навоҳии шим. Эрон мебошад. Балучҳо то замони Эрони Ҷанубиро истило кардани арабҳо (Кирмонро с. 643 забт намуда буданд) дар қисматҳои ҷан. ғарби Кирмон сукунат дошта, дар ҳаёти сиёсии музофоти номбурда мақоми назаррасеро соҳиб буданд. Балучҳо аз ҳамон замонҳо ба забони балучӣ, ки аз забони форсии даргарди Кирмон хеле фарқ дошт, гуфтугӯ мекарданд (Ибни Ҳавқал). Дар баробари забони худашон, ба забони форсӣ ҳам озодона сухан меронданд (Муқаддасӣ).
 
Дар Афғонистон наздики 0,5 млн балучон зиндагӣ мекунанд, ки намояндаи қавму қабилаҳои нарвӣ, рахшонӣ, сорунӣ, санҷаронӣ ва гургич буда, монанди балучҳои дигари ҳамтабору ҳамҷаворашон аслу насаби эронӣ доранд ва дар а-ҳоисадаҳои 14-15 муқими навоҳии Нимрӯзу Ҳилманди Афғонистон шудаанд. Балуҷон дар Қандаҳор охири садаи 17-авв садаи 18 пайдо шуда, асосан машғули кишоварзӣ мебошанд. Балучони навоҳии ҷан. Афғонистон миёнаҳои садаи 18 сукунат ихтиёр кардаанд. Мас., дар Чоҳонсур, ки муқимӣ гаштаву ба кишоварзӣ машғуланд, балучҳо дар солҳои 40 а.садаи 20 аз худ дарак додаанд. Оҳиста-оҳиста гурӯҳҳои алоҳида, маъмулан, камшумори қабоили балуч озими шим. Афғонистон шуда, дар шаҳру навоҳии Ҳироту Мазори Шарифу Қатаған, ҳатто Бадахшони дурдаст сукунат варзидаанд ва то имрӯз дар миёни тоҷикону ҳазораҷоту нуристонӣ ва диг. халқу қавмҳои муқими Афғонистон машғули кору рӯзгори суннатиянд.
 
Балучистони Шарқӣ (Покистон; масоҳ. 348 ҳазор км 2) аз 12 ноҳияи сиёсӣ-ҷуғрофӣ таркиб ёфтааст: Заҳоб, Кветтаи Пешин, Себӣ, Лоралай, Кач-Гандова, Чағай, Ҳорон, Саровон, Калот, Ҷаловон, Мукрон, Лос-Бало Шароити табиии Балучистон и Шарқӣ (Покистон). аз вилоёти ҳамҷавораш ба куллӣ фарқ мекунад ва аз ин ҷиҳат бештар қисмати ҷан. шарқии пуштакӯҳҳои Эронро хотирнишон месозад. Заҳоб дар интиҳои бахши шим. Шарқии Балучистон и Шарқӣ (Покистон) ҷой гирифтааст. Кветтаи Пешин, Себӣ, Лоралай ва Кач-Гандова дар самти шарқӣ-шимолӣ ва шарқи вилоят қарор доранд. Чағай қисмати шим. ғарбии Балучистони Покистонро ташкил дода, Ҳорон дар самти ғарбӣ-шафати сарҳадди давлатии Покистону Эрон доман густардааст. Калоту Саровону Ҷаловон дар маркази вилоят, аз самти шим. ба ҷан., аз Кветта то сарҳадди хонигарии Лос-Бало, мақом доранд. Мукрон саросари бахши ғарбӣ, хонигарии Лос-Бало қитъаи тангеро қад-қади соҳили Мукрони Баҳри Араб дар бар мегирад. Қисматҳои шим. шарқӣ ва марказии Балучистони Покистон бештар кӯҳсоранд. Аз ин ҷо силсилаи хурди кӯҳҳои Сулаймон тӯл кашида, мувозӣ бар онҳо, қад-қади сарҳадди Покистону Афғонистон, дар имтидоди қариб 500 км силсилакӯҳи азими Тобаи Какар қомат афрохтааст. Силсилакӯҳи Хоҷа-Умрон (қ-и балантаринаш аз сатҳи баҳр-2704 м) идомабахши Тобаи Какар мебошад. Ҷанубу ғарбтар аз Хоҷа-Умрон кӯҳҳои Сирла (Сирлот) ҷой гирифтаанд, ки водии д. Шарорӯдро аз водии Шаровак ҷудо мекунанд. Қад-қади сарҳадди Покистону Афғонистон, аз Ш. ба Ғ., силсилаи начандон баланди Кӯҳи Султон (Чағай) тӯл мекашад, ки дар пайвандгоҳи сарҳадди се давлат-Покистону Эрону Афғонистон — қ-и Кӯҳи Малики Сиёҳ (1648 м аз сатҳи баҳр) хоима мебахшад. Аз Кветта ба самти ҷануб силсилакӯҳи Брагуйи Марказӣ тӯл мекашад. Силсилакӯҳҳои начандон калони дигар қисмати марказии вилоятро фаро гирифта, пуштакӯҳи Брагуйро шерозабандӣ мекунад. Дарозии умумии силсилаи мазкур 355 км, бараш то 112 км, баландии миёнааш то 2000 м аст. Нишебҳои ҷанубии силсилакӯҳи Брагуйи Марказӣ бо шохаҳои қ-кӯҳи Қиртор, ки ҳудуди Балучистони Покистонро аз Синд ҷудо мекунанд, мепайванданд. Дар самти ғарбӣ мувозӣ бо Қиртор, қ-кӯҳҳои хурди Худӣ, Чакар, Бадур ва Ҳамлинг (баландии қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр 1231—1524 м) тӯл кашидаанд. Ғарбтар аз пуштакӯҳи Брагуй кӯҳҳои Рускӯҳ (тӯлашон 245 км, баландии қ.- ҳояшон аз сатҳи баҳр то 2650 м.) биёбони Ҳоронро аз ҳамвории сангу регзори Чағай ҷудо мекунанд. Дар чарогоҳи водиҳои Рускӯҳ балуҷони кӯчӣ чорво мечаронанд. Қисмати ҷанубии вилоят-Мукрон (ё Кач-Мукрон, ки ба хотири фарқ карданаш аз Мукрони Балучистони Эрон чунин меноманд)-ро се қ-кӯҳи ҳамноми аз ғарб ба шарқ ва шим. шарқ тӯлкашида ишғол мекунанд. Қад-қади соҳили Баҳри Араб, қ-кӯҳҳои Мукрони Соҳилӣ ба масофаи 450 км тӯл кашидаанд, ки давоми кӯҳҳои Ҷануби Эрон мебошанд. Андаке шимолтар аз ин силсила ва мувозӣ бар он силсилакӯҳи Мукрони Марказӣ (тӯлаш 400 км), убур мекунад. Шохаҳои шимолии силсилакӯҳҳои Мукрони Марказӣ бо силсилаи севуми Мукрон — Кӯҳи Сиёҳон, ки Мукронро аз биёбони Ҳорон ҷудо мекунад, пайваст мешаванд. Қисмати аксари ҳудуди Балучистони Ғарбиву Шарқиро силсилакӯҳҳо ва шохаҳояшон фаро гирифтаанд. Истисно қисмати ғарбии Балучистони Покистон аст, ки соҳати калонеро ҳамвории регу сангистони Чағай фаро гирифта, ба регистони Ҳорон мерасад, ки дар навбати худ ба суфакӯҳи биёбони Балуч мепайвандад.
Сатри 22:
Ҳудуди Балучистон бо камии набототаш фарқ мекунад. Махсусан, табиати қитъаи Мукрон хеле камнаботот аст. Дар пуштаҳои баландкӯҳ ва нишебии кӯҳҳои қисмати шимолии Балучистон ягон-ягон пистазору арчазор мушоҳида мешаванд. Поинтар, дар домани кӯҳҳо, гулбеду бодому туту чормағз андаке зиёдтар ба назар мерасанд. Дар ҳамвориҳои хоксангӣ газбутта, дар регхокаҳо саксавул мерӯяд. Дар қисмати ҷанубии Балучистон зайтуну хурмозорҳо, дарахти русо, мангуст, дар ноҳ. Кветта боғоти мева дучор меоянд. Олами ҳайвоноти Балучистон ҳам ғанӣ нест. Дар навоҳии кӯҳистон гӯсфанди ваҳшиву бузи кӯҳӣ, дар водию доманкӯҳҳо харгӯшу рӯбоҳ, дар ҳамвориҳо ҷейран ба чашм мерасанд. Шағолу гургу кафторҳо мушоҳида мешаванд. Дар биёбонҳо сагони ёбоӣ, ки балучҳо «бошума» меномандашон, оворагардӣ мекунанд. Дар қамишзорони д-ҳои Машкилу Рахшону Бампур гуроз дучор меояд. Дар мавзеъҳои гуногуни хокию обии Балучистон кабку мурғобию ғозу қу ва анвои мухталифи парандагони кӯчӣ будубош доранд. Аз хазандаҳо мору карапсаро дар ҳама гӯшаву канор метавон дучор омад. Сукунатгоҳи кишоварзони муқимӣ ва бошишгоҳи зимистонаи чорводорони кӯчии балуч, асосан, дар соҳили дарёҳо ва воҳаҳои камшуморе, ки дар шафати манбаи оби доимӣ қарор доранд, бунёд гардидаанд.
 
Ҷуғрофиёдони австриягӣ О. Спейт шароити табиӣ-иқлимии Балучистони Покистонро, ки аз ин ҷиҳат фарқе камтар аз Балучистони Эрон дорад, чунин муаррифӣ намудааст: «Гармои тафсону сармои беамон, бодҳои муқтадир, обхезиҳои аҳёнии пурталотум, гарду ғубори фарогири тобистонӣ, замини сангу регу шағалпӯш, боришоти ночизу номуътамад, заминҷунбӣ — чунинанд шароити сахту шадиди танҳо бо муҳассаноти зудгузари баҳор андаке рӯйпӯшшавандаи қаламраве, ки ҳамагӣ чанд ҷазирачаи сабзгуни ҳосилхез дорад». Ниҳоят, вилояти қадимии таърихие, ки сарзамини қавму қабилаҳои сершумору сернуфуси балуч аст, имрӯзҳо дар ҳайати ду давлати мустақил қарор дошта, соҳибонашон онҳоро ба тарзу василаҳои хоссу мутафарриқа зимомдорӣ мекунанд ва, бо вуҷуди ҳамаи ин тафриқоту мушкилиҳо мардуми диловари балуч дар тӯли таърихи мутамодӣ дар халқу қавму қабилаҳои тасхирнамудаашон маҳлулу маъдум нагардида, баръакс, онҳоро дар худ махлут сохта, забону урфу одат ва суннату фарҳанги миллии худро барқарору устувор дошта, дар давоми даҳсолаҳои охир барои миллатшавию соҳибистиқлолии сиёсӣ-давлатӣ (истиқрори «Балуҷистони Кабир») муборизаи мақсадноки ҳамагонӣ мебаранд. Азбаски балучон то нимаҳои дувуми а.садаи 20 соҳиби хатту алифбо набуданд, андешаву ороашонро, дар қолаби шеъру достону ривоятҳои халқӣ баён доштаанд, ки аз насле ба насле то замони мо расида, корномаҳои нотакрори халқи шуҷоашонро ситоиш мекунанд ва дар тарбияи эҳсоси фарзандони худу дигарон ҳиссагузор мешаванд.
 
== Эзоҳ ==