Мусиқии камеравӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 1:
'''Мусиқии камеравӣ''' (аз {{lang-la|camera}} - хона) — асари [[мусиқӣ]] барои дастаи хурди созандагону ҳофизон. Дар тафовут аз мусиқии оркестрӣ, хорӣ, театрӣ ([[дуэт]] (дугона), [[трио]] (сегона), [[квартет]] (чоргона), [[квинтет]] (панҷгона) ва диг. ) ҳамчунин пиесаҳои мусиқии якканавозие, ки ба жанрҳои консертӣ – виртуозӣ ё эстрадӣ муносибат надошта бошанд, (мас., [[соната]]ҳо, фугаҳо, ноктюрнҳо ва ғ.), асарҳо барои фортепиано, скрипка ва фортепиано ва ҳ. к.). мусиқии вокалӣ ([[романс]]ҳои асрҳои XVI-XVII, мадригалҳо ва ғ.) низ ин ҷо дохиланд.
Мусиқии камеравӣ – яке аз соҳаҳои васеъ ва муҳими санъати мусиқӣ мебошад. Мусиқии камеравӣ барои доираи маҳдуди шунаванда равона гардида буд (айнан мусиқии «хонагӣ»); аз а.садаи XIX сар карда, ҳамчунин дар толорҳои консертии хурд жанри камеравӣ иҷро карда мешуданд.
 
Истилоҳи «Мусиқии камеравӣ» дар асри XVI дар Италия барои муайян сохтани мусиқии вокалии ғайридинӣ истифода мешуд. Дертар ба мусиқии созӣ – сонатаи камеравӣ дар фарқият аз сонатаи динӣ паҳн гардид. Дар ҷудокунии мусиқии камеравии созӣ, мусиқии оркестрӣ ба сохтани навъҳои устувори Мусиқии камеравӣ шакли силсилаи соната (сонатаҳо, триои фортепианӣ, квартету квинтетҳои торӣ ва ғ.) ва ташаккули ин соҳаи эҷодиёти мусиқӣ хизмати мактаби классикии венагиҳо басо бузург аст. Жанри ҳархелаи созӣ ва вокалии мусиқии камеравӣ дар а.-ҳои XIX-XX ба қуллаи баланд расид ва дар эҷодиёти композиторони бисёр мамлакатҳо паҳн гардид, аз ҷумла эҷодиёти композиторони тоҷик.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 243. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>
== Нигаред ==
* [[Мусиқии созӣ]]
* [[Мусиқии вокалӣ]]
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Мусиқӣ]]