Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Эзоҳ: илова
Сатри 52:
 
=== Зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим ===
Муайян кардани зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим бинобар вуҷуд надоштани навиштаҷоти марбута душвор аст. Дар бораи аспҳое, ки дар сарзамини кунунии Осиёи Мар­казӣ (аз ҷумла дар Тоҷикистон) парварда мешуданд, фақат дар асоси омӯзиши қайдҳои сайёҳон, муаррихон, ҷуғрофидонҳо, бостоншиносон, лашкаркашон ва ғайра маълумот гирифтан мумкин аст. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар Хуталон ([[Хатлон]]) а.садаи 4 то м. Аспҳои хушзоти зебо парвариш меёфтанд. Шуҳрати аспҳои Хуталон дар солномаҳои а-ҳоисадаҳои 9-12-и арабу эрониҳо, ҳамчунин асарҳои Истахрӣ, Муродӣ, Низомӣ, Азрақӣ, [[Закариёи Қазвинӣ]], Мирзо Абдулқодири Бедил, Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон низ қайд шудаанд. Пайдоиши аспҳои хатлӣ қис­саву ривояти бисёр дорад. Масалан, дар солномаи хитойӣ («Таншу» ва «Сайшу») омада, ки аспи хуталонӣ аз аспи «осмонӣ», ки дар яке аз қулла (ё ғор)-ҳои куҳи Тахористон (ки ба Хатлон ҳамсарҳад ва баъзан яке буд) зиндагӣ мекунад, ба вуҷуд омадааст. Модиёнҳои зоти таҳҷоӣ, ки дар атрофи куҳ мечаридаанд, гӯё бо аспи «осмо­нӣ» ҷуфт шуда, аз он насл ба бор овардаанд.
 
Ба аспҳои [[Тахористон]] нисбат додани пайдоиши аспҳои Хуталон бесабаб нест. Аспҳои Тахористон хеле машҳур буданд. Дар Тахористон аспҳои резаҷусса, вале ни­ҳоят пурбардошти куҳипарвард, ки масофаи зиёдро паймуда метавонистанд, инчунин зоти аспҳое, ки фақат барои таҳдаштҳо мувофиқ буданд, парварда мешуданд. Баъзе ровиён аспҳои Та­хористонро сарнасли ҳамаи аспҳо медонанд. Мувофиқи ривоёти дигар [[Аспи хатлӣ|аспҳои хатлӣ]] аз аспҳои обӣ падид омадаанд. Ҷуғрофидони арабинависи эронитабор [[Ибни Хурдодбеҳ]] қайд мекунад, ки дар [[Хуталон]] ҳавзе бо номи Нозкӯл мавҷуд аст. Нозкӯл аспҳои обӣ дорад, ки бо аспҳои подшоҳ (ба кӯл обнӯшӣ меомаданд) даромехта, аспи хатлиро ба вуҷуд овардаанд. Аспҳои Хатлон дар ин асру замон низ мақбул ва марғуби хоссу ом аст". Мадҳу санои аспҳои Хатлонро дар эҷодиёти [[Низомии Ганҷавӣ]] низ дучор меоем:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"