Адабиёти классикӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х →‎Ибтидои адабиёти класикӣ: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 2:
 
== Ибтидои адабиёти класикӣ ==
Адабиёти классикии форс-тоҷик аз асри 10 ибтидо гирифта, то асри 20 давом кардааст. Асосгузори он Рӯдакист. Он ба ду давраи калон тақсим мешавад: давраи якум – адабиёти асрҳои 10 – 15-ро дар бар гирифта, ба замони тараққии ҷамъияти феодалӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон рост меояд. Адабиёти давраи таназзули феодализм (асрҳои 16 – 19) давраи дуюмро ташкил медиҳад. Адабиёти асрҳои 10 – 15 (адабиёти форс-тоҷик), ки мероси муштараки тоҷикон ва форсҳо (эрониён) аст, аз аввалҳои асри 19 диққати шарқшиносони Ғарбро ба худ ҷалб карда, адабиёти асрҳои баъдина танҳо аз охирҳои асри 19 мавриди назари мураттибони баъзе аз феҳрастҳо қарор гирифт. Сабаби асосии рӯй додани ин ҳолат, аз як тараф, барои муҳаққиқони хориҷӣ дастрас набудани мероси адабии давраи охир бошад, аз тарафи дигар, дар тасаввуроти беасоси онҳо нисбат ба адабиёти форсизабони ин асрҳост. Ба ақидаи онҳо Адабиёти классикии форс-тоҷик бо Абдурраҳмони Ҷомӣ поён ёфта, гӯё адабиёти баъдина фақат аз тақлид ва такрори мероси адабии гузаштагон иборат мебошад. Тадқиқоти шарқшиносони шӯравӣ, махсусан адабиётшиносони тоҷик на танҳо нодурустии назарияи онҳоро дар бораи адабиёти ин асрҳо ошкор намуд, балки ба исбот расонд, ки адабиёти асрҳои 16 – 19-и тоҷик давоми мантиқии адабиёти асрҳои 10 – 15 ва дорои ҷиҳатҳои хос мебошад. Дар Адабиёти классикӣ муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи халқамон: бунёди нахустин давлати марказии тоҷикон – давлати Сомониён дар асри 10, ба давлатҳои хурду калон ҷудо шудани Осиёи Миёна (асрҳои 11 – 12), муборизаи озодихоҳонаи мардуми тоҷик бар зидди истилогарони муғул (а-ҳоисадаҳои 13 – 14), авҷи нави ҳаёти иҷтимоӣ ва маданӣ дар асри 15, давраи таназзули феодалӣ, ба миён омадани унсурҳои муносибати сармоядорӣ ва ғояҳои маорифпарварӣ дар ин сарзамин акс гардида, дар беҳтарин намунаҳои он симои дурахшони аҷдоди бузург ва номвари халқ, ки дар роҳи мудофиа ва беҳбудии мамлакат ҷонбозиҳо кардаанд, тасвир ёфтааст. Адабиёти классикӣ ҳамчун зуҳуроти тафаккури бадеии халқи заҳматкаш дар роҳи донистани орзуву омоли наҷибонаи мардум сарчашмаи бебаҳост. Тарғиби илму дониш, васфи ақлу хирад, ахлоқи ҳамида, ишқи пок, ватанпарварӣ, ғояи шоҳи одилу маърифатдӯст, таваҷҷӯҳ ба мардумони меҳнатӣ – ҳунармандону деҳқонон, озодфикрӣ ва маорифпарварӣ аз мавзӯъ, мазмун ва ғояҳои асосии Адабиёти классикии форс-тоҷик ба шумор меравад. Адабиёти классикии форс-тоҷик аз ҷумлаи сарватмандтарин адабиёти ҷаҳон буда, осори бузургтарин намояндагони он Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва дигарон шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд. Эҷодиёти онҳо мавриди таваҷҷӯҳ ва истифодаи адибони забардасте мисли Лафонтен, Гёте, Ҳейне, Гегел, Чернишевский, Пушкин, Фет, Есенин қарор гирифта бошад ҳам, танҳо дар давраҳои баъдӣ ба таври пурра дастраси хонандагон гардид. Адабиёти классикӣ яке аз сарчашмаҳои асосии рушди ҷомеаи муосир мебошад. Шоиру нависандагони муосири тоҷик аз асарҳои саромадони адабиёти форсии тоҷикӣ ва миллатҳои дигари дунё, ки аз қуллаҳои баландтарини адабиёти ҷаҳонӣ мебошанд, дарси маҳорати адабӣ мегиранд.
 
== Эзоҳ ==