Асетилен: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 12:
Бертло исбот кард, ки ҳангоми аз найчаи шишагини тафсон гузарондани атсетилен бензол ҳосил мешавад.
3CH ≡ CH → C<sub>6</sub>H<sub>6</sub>
Атсетилен аз сабаби банди сечанда доштан ба реаксияи пайвастшавӣ майл дорад. Барои пурра сер шудани банди сечанда ба он чор атоми яквалента дар ду зина пайваст мешавад. Ҳамин тавр, ҳидроген, галогенҳо, ҳидрогенгалогениҳо, об, нитроген, сулфур, спиртҳо ва моддаҳои дигар бо атсетилен пайваст шуда, ҳосилаҳои хосса медиҳанд. Яке аз реаксияҳои муҳимми атсетилен дар ширкати катализаторҳои ишқорӣ бо пайвастагиҳои карбонилӣ пайваст шудани он мебошад. Дар натиҷаи реаксияи мазкур спиртҳои беҳад ҳосил мешаванд. Дар аснои ин реаксия дар озмоишгоҳи синтези моддаҳои органикии Инти кимиёи АИ ҶТ зери роҳбарии акад. В. И. Никитин ва Е. М. Глазунова таҳқиқоти илмии бисёр анҷом дода шудааст. Дар озмоишгоҳи номбурда садҳо навъ моддаи органикии қатори атсетиленӣ, аз ҷумла глитсеринҳои қатори атсетиленӣ ва этиленӣ, моно- ва диэфирҳои сода, эфирҳои омехта, моно- ва диаминҳову ҳосилаҳои онҳо синтез ва хосияти физиологиашон таҳқиқ карда шудаанд. Маълум гашт, ки қисме аз онҳо аз ҷиҳати биологӣ фаъол мебошанд. Дар кафедраи химияи [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино]] зери роҳбарии
== Эзоҳ ==
|