Шириншо Шотемур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Шириншоҳ Шоҳтемур''' -- Қаҳрамони [[Тоҷикистон]], яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ, арбоби сиёсию давлатии [[Тоҷикистон]]
 
Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи волости Шуғнони Помири ғарбӣ ҳаст. Соли 1899 дар деҳаи номбурда таваллуд ёфт. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Дар ҳоли ҳозир дар қайди ҳаёт нестанд. Тахминан соли [[1908]] ё соли [[1909]], вақте ки 8-9 сола буд, онҳо аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, ки он дар номи насаби ӯ низ акс ёфтааст. Маънои ҳиссачаи «шо»-саид, ё худ вориси бевоситаи Муҳаммад ҳаст. То дувоздаҳсолагӣ дар назди бародараш умр ба сар бурд. Аз ин вақт сар карда (соли [[1911]]) ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол аз ҳисоби давлати русҳо хонд. Зимистон таҳсил дошта, тобистон дар назди сардори отряди Помир кор мекард – гулҳоро об медод. Аз 14-солагӣ бо меҳнати хеш зиндагӣ мекард.

[[Акс:Shirinsho.jpg]]