Аъзам Худойдодов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 15:
|дараҷаи илмӣ = {{дараҷаи илмӣ |номзад|илмҳои филология}}
|унвонҳои илмӣ= {{унвонҳои илмӣ||1}}
|алма-матер = [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]]
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф=
Сатри 29:
'''Аъзам Овлододович Худойдодов''' (тав. 10.08.1959, деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара), адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (1992), дотсент (1999).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1977–1981 дар факултети филологияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]] таҳсил намудааст. Солҳои 1981–1983 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1983–1986 аспиранти шӯъбаи рӯзонаи кафедраи адабиёти донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1986–1999 муҳаррир, мудири шӯъбаи забон ва адабиёт, ҷонишини сармуҳаррири нашриёти «Маориф», 1999–2003 дотсент, 2003–2007 мудири кафедраи адабиёт, 2007–2010 декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2010 вазифаи муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба таълимро ба ӯҳда дорад. Оид ба мақоми ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар таърихи робитаҳои адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек корӣ илмӣ ба анҷом расонидааст. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, илмиву методӣ ва илмиву оммавӣ мебошад, ки дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистону Эрон чоп шудаанд. Дар таҳия, таҳрир ва нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёнаву олӣ саҳми арзанда дорад. Хизматҳояш бо нишонҳои
«Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (1999), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) ва ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.
== Осор ==