Гана: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 72:
|Тавзеҳот =
}}
'''Ғано''' ({{lang-en|Ghana}}), '''Ҷумҳурии Ғано''' ({{lang-en|Republic of Ghana}}), '''Гана''' (то соли 1957 Соҳили Тилоӣ) — [[давлат]] дар [[Африқои Ғарбӣ]]. Дар шимол бо Буркина-Фасо, дар ғарб бо Кот-д-Ивуар, дар шарқ бо Того ҳамсарҳад аст. Аз ҷануб онро халиҷи Гвинеяи уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Сарҳадди умумиаш дар хушкӣ – 2049 км. Дарозии хатти соҳилиаш 539 км. Масоҳаташ 238,5 ҳазор км<sup>2</sup>. Аҳолиаш 25,9 млн нафар (2014). Пойтахташ – ш.шаҳри Аккра. (аҳолиаш 4,4 млн нафар,  2014). Ба 10 вилояти маъмурӣ тақсим мешавад. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (6 март). Воҳиди пул – седи.
 
== Сохти давлатӣ ==
Сатри 79:
== Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ ==
[[Акс:Gh-map.png|thumb|left|225px|Харитаи Ғано]]
Қисми зиёди ҳудуди Ғаноро ҳамвориҳо (баландиашон аз с. б. 150—300 м) ишғол кардаанд. Дар маркази мамлакат пуштакӯҳи Ашанти (баландиаш то 788 м) ҷойгир аст. Аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ ба масофаи 200 км пуштакӯҳи Кваху (баландиаш то 500 м) тӯл кашидааст. Қисми зиёди ҳудуди Ғано аз ҷинсҳои кӯҳии давраи токембрий ташаккул ёфтааст. Дар шимолу ғарб ва ҷануб ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ ва гранитшуда, дар қисми марказӣ ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ, дар ноҳияҳои наздисоҳилӣ ҷинсҳои кӯҳии давраи бӯр ва кайнозой ҷойгир шудаанд. Ғано аз сарватҳои табиӣ: бокситҳо, маъдани мангандор, тило (дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубу шарқӣ), алмос, нафт ғанӣ аст.
 
=== Иқлим ===
Иқлимаш — экваторию муссонӣ, дар ҷанубу ғарб — экваторӣ. Ҳавояш, маъмулан, намнок. Ҳарорати миёнаи гармтарин моҳ (март) аз 27 &nbsp;°C дар ҷануб то 32 &nbsp;°C дар шимол, хунуктарин моҳ (август) аз 23 то 26 &nbsp;°C. Моҳи ноябр — декабр аз Саҳрои Кабир тафбоди Ҳарматан мевазад. Боришоти солона дар ҷанубу ғарб то 2000 мм, дар ҷанубу шарқ — 750 мм, дар шимол то 1200 мм. Дарёҳои калонтаринаш — Волта (шохобҳои калонтаринаш ‒ Оти, Афрам), Биа, Тано, Анкобра, Пра. Кӯли калонтаринаш — Босумтви (34 км ҷанубу шарқтари Кумаси). Дар дарё ва кӯлҳои Ғано моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Солҳои 1964-67 дар поёноби д. Волта, дар наздикии ш.шаҳри Акасомбо дарғоти НБО сохта шуд. Обанбори Волта яке аз калонтаринҳо дар ҷаҳон буда (дарозиаш 400 км, масоҳаташ 8,5 ҳазор км, ҳаҷмаш 148 км<sup>2</sup>, ҷойи амиқтаринаш 91м), барои обёрӣ, киштигардӣ ва моҳигирӣ истифода мешавад.
 
=== Наботот ===
Дар Ғано қариб 4000 намуди наботот мерӯяд. Қисми зиёди ҳудуди мамлакатро дашту бешаҳои сералаф, қисми ҷануб ва ғарбро ҷангалҳои рутубатноки ҳамешасабзи тропикӣ фаро гирифтаанд. Дар минтақаи соҳил буттаю алафзор, дарахти нахл паҳн шудааст. Хокаш, асосан, латеритӣ.
 
==== Ҳайвонот ====
Сатри 115:
 
== Маориф ва илм ==
Дар Ғано сатҳи саводнокии аҳолии аз 15-сола боло 74,8%-ро ташкил медиҳад. Ба масъалаҳои мактабҳои миёна ва олӣ Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиш машғул аст. Мувофиқи конститусия маълумоти асосии ҳатмии ройгон (9 сол) ҷорӣ карда шудааст. Соҳаи маориф таълими ибтидоии 6-сола (аз синни 6-солагӣ), асосӣ (3-сола) ва миёнаи умумӣ (3-сола)-ро дар бар мегирад. Мактабҳо асосан давлатианд, мактабҳои хусусӣ низ вуҷуд доранд. Маълумоти олиро донишгоҳҳо (5 давлатӣ ва 9 хусусӣ), ин-тҳоиинститутҳои давлатии политехникӣ (11), колеҷҳои педагогӣ ва тиббӣ медиҳанд. Калонтарин донишгоҳҳои давлатӣ: Донишгоҳи Гана дар Легон, Донишгоҳи ба номи Нкрума дар Кумаси. Таълим ба забони англисӣ сурат мегирад. Дар Ғано Академияи санъат ва илм (дар Аккра), қариб 100 муасисаи таҳқиқоти илмӣ фаъолият доранд.
 
== Адабиёти Ғано ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гана"