Давлатманд Кабутов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: clean up using AWB
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 1:
{{Таҳрир|18.02.2018 |[[Корбар:Шухрат Саъдиев|Шухрат Саъдиев]]}}
 
'''Давлатманд Кабутов''' (тав. 18. 08. 1950, ноҳияи Москва – ваф. 8. 01. 2011, ш.шаҳри Душанбе), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1986), дотсент (1991).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1965–1969 донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории ш.шаҳри Кӯлоб, 1969 муаллими синфҳои ибтидоии ноҳияи Фархор, 1969–1970 афсари Артиши Шӯравӣ, 1972–1973 муаллими синфҳои ибтидоии ноҳияи Фархор, 1974–1978 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1978–1979 лаборанти калони кафедраи таърихи ИҶШС, 1979–1983 муаллими кафедраи таърихи ИҶШС-и донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1983–1986 аспиранти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1986 –1987 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ, 1987–1990 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ (таърихи сиёсӣ), 1991–1995 дотсент, мудири кафедраи таърихи сиёсӣ, 1995–1998 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1998–2008 сардори Раёсати Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба мактабҳои касбӣ, 2008 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба таълим кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 25 корҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки масъалаҳои саҳми меҳнаткашони шаҳрро дар рушди иҷтимоию иқтисодии деҳот дар бар гирифтаанд. Барои хизматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
== Осор ==
* Кошонаи маърифат, Д., 1998;