Баҳористон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 26:
То бубинӣ дар ӯ гулистонҳо».
 
Дар «Баҳористон» ҳам аз зиндагонии ибратомӯзи шайхону орифон, ҳам аз андешаву афкор ва ҳикмати ҳакимони бузург, ҳам аз нақли амали хайри подшоҳон, ҳам аз ривояти ҷуду карами гузаштагон, ҳам аз тасвири гудози ишқ ва дӯстию вафодории дилбохтагон, латифаю мутоибаҳои халқӣ, ҳам аз зикри аҳвол ва ашъори шоирон – аз Рӯдакӣ то Навоӣ, ҳам аз ҳикоёти пандомӯзи тамсилӣ сухан рафтааст. «Баҳористон» асарест, ки дар он урфу одат ва хулқу хислати тамоми табақоти мардуми а.садаи 15 инъикос гардидааст. Забони он монанди асари Саъдӣ содаву равон ва фаҳмо буда, насри мусаҷҷаъ ва пораҳои шеърӣ онро зеб додаанд. Нақлу ҳикоёти дохилии равзаҳо ба ҳикояву латифаҳои дилкаши мардумӣ монанданд. Мавқеи устувори инсондӯстӣ низ Саъдиву Ҷомиро наздик мекунад ва аз умумияти қасду ҳадафи эҷодии ду суханвари нобиға дарак медиҳад. Ҷомӣ бисёр мавзӯъҳои «Гулистон»-ро дар хусуси адолат, ахлоқи дарвешон ва ишқу муҳаббати ҷавонӣ вусъат дода, дар навбати худ дар асараш адолати иҷтимоиро тафсилу таҳким менамояд. Вай аз ҳар як инсон тақозо мекунад, ки дар муносибат бо дигарон сидқу сафо, аҳду вафо ва хайру некиро ба кор андозад. Ба андешаи Ҷомӣ қадру қимат ва мақому манзалати волои инсон на вобаста ба аслу насабу мулку дороӣ, балки ба маънавиёти ғанӣ ва ақлу хиради ӯ аст:
 
Қимати мард на аз симу зар аст,