Изатулло Ғаниев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Ҷоизаҳо: ислоҳ using AWB
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 27:
 
== Зиндагинома ==
Ғаниев Изатулло Наврӯзович, 19 марти соли 1948 дар деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1965 баъди хатми мактаб — интернати № 1-и ноҳияи Айнӣ бо медали тило ба факултаи механикаю технологии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми курси дуюм ба Донишкадаи химиявӣ-технологии ш.шаҳри Қазон барои идомаи таҳсил фиристода шудааст. Донишкадаи номбаршударо соли 1970 аз рӯи ихтисоси «Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ ва нӯриҳои минералӣ» хатм намудааст. Баъди хатми донишкада барои кор ба Корхонаи кӯҳӣ-маъдании Анзоб фиристода шуда, ки дар вазифаҳои лаборант, назоратчӣ, устои калони шӯъбаи техникӣ фаъолият намудааст. Соли 1971 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми аспирантура дар Институти химия дар вазифаҳои лаборанти калон, корманди хурд ва калони илмӣ то соли 1981 фаъолият намудааст. Соли 1981 ба вазифаи мудири лабораторияи «Маводҳои ба коррозия устувор» аз тариқи озмун интихоб шуда ва то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад. Соли 1976 дар Институти металлургия ва бойгардонии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси «Металлургияи металлҳои ранга» дифо намуда, дараҷаи номзади илмҳои техникиро соҳиб шудааст. Соли 1991 дар Институти химияи АИ Ҷумҳурии Узбекистон рисолаи докториро аз рӯи ихтисоси «Химияи ғайриорганикӣ» дифо намудааст. Соли 1994 аз тарафи КОА-и ФР ба ӯ унвони «профессор» аз рӯи ихтисоси номбурда дода шудааст. Аз соли 1996 то соли 2000 дар вазифаи муовини директор оид ба илм дар Институти химия АИ ҶТ фаъолият дошт. Солҳои 2002—2003 дар вазифаи муовини Саркотиби АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 дар вазифаи академик — котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2007 то соли 2012 дар вазифаи мудири кафедраи «Технологияи истеҳсолоти электрохимиявӣ» ҳамчун ҳамкор фаъолият намудааст. Аз соли 2013 то имрӯз дар вазифаи профессор-мушовир ҳамчун ҳамкор дар кафедраи номбаршуда фаъолият дорад.
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Сатри 81:
 
== Ҷоизаҳо ==
* Медали биринҷии НКХХ ИҶШС. ш.шаҳри Москва (с. 1985)
* Медали хурди академик Н. С. Курнаков (АИ ИҶШС) дар бахши таҳлили физикавӣ-кимиёвӣ. ш.шаҳри Москва (с. 1987)
* Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе (с. 1995)
* Аъзои Академияи улуми Ню-Йорк (с. 1996)