Абдурасул Сатторов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: clean up using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 1:
'''Абдурасул Эшбекович Сатторов''' (тав. 18. 03. 1950, ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон), риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1979), дотсент (1985).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1966–1971 дар факултети математикаи Донишкадаи давлати омӯзгории ш.шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1971–1972 ассистенти кафедраи асосҳои истеҳсолот, 1972–1974 ассистенти кафедраи геометрияи донишкадаи номбурда, 1974–1978 коромӯзи илмӣ ва аспиранти Донишгоҳи давлатии ш.шаҳри Қазон (Федератсияи Россия) буд. Солҳои 1978– 1993 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи геометрия, ҳамзамон 1984–1988 муовини декани факултети математикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт оид ба таълим кор кардааст. Солҳои 1993–1997 вазифаи мудири кафедраи алгебра ва геометрия, 1997–2002 муовини ректори [[Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав]] оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва таҳсили ғоибона, 2002–2005 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ, 2005–2007 директори маркази имтиҳонгирии компютерии донишгоҳи мазкурро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2007 мудири кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа мебошад. Оид таъриху таълими математика ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи математика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва китобу дастурҳои таълимӣ мебошад. Дорандаи ордени «Шараф» буда, бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз карда шудааст.
== Осор ==
* Асосҳои тригонометрия(бо ҳаммуаллифӣ), Қурғонтеппа,2008;