Сафарбек Раҳимов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳ using AWB
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 27:
'''Сафарбек Раҳимов''' (тав. 4.03.1947, деҳаи Садоҳои ноҳияи Сарихосор), биологи тоҷик, доктори илмҳои биология (2007), дотсент (2000).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1964–1969 дар факултети табиатшиносии [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин]] таҳсил намудааст. Солҳои 1969–1971 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1971– 1972 лаборанти калон, 1972–1975 аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1989–2000 муаллими калон, дотсенти кафедраи ботаникаи [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон]] буд. Солҳои 2000–2006 дар вазифаи мудири боғи ботаникии Институти ботаникаи АИ ҶТ фаьолият намудааст. Солҳои 2006–2007 дар докторантураи назди Боғи марказии ботаникии сибирии ш.шаҳри Новосибирски АИ Федератсияи Россия таҳсил намудааст. Соли 2008 муовини директори Институти ботаникаи АИ ҶТ оид ба корҳои илмӣ буд. Аз соли 2009 инҷониб ҳамчун декани факултети биологияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] фаъолият мекард. Ҳоло профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.<ref>{{Cite web|url=http://journalism.tnu.tj/index.php/2016-10-08-16-53-01/2016-10-08-16-53-52/mudiri-kafedra|title= кафедраи ботаника, Сафарбек Раҳимов |author=|website=www.philol.tnu.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-05-31}}</ref>
== Фаъолияти илмӣ==
Муаллифи зиёда аз 55 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои биоморфологияи намояндагони флораи нимсаванни Помиру Олой, махсусан растаниҳои бегонаи заҳрнок, алафдарав ва доругӣ фаро гирифтаанд. Дар доираҳои илмӣ ӯро ҳамчун биоморфологи баландихтисос этироф менамоянд. Бо ташаббуси ӯ соли 2008 як гурӯҳ биоморфологҳои Боғи марказии ботаникии сибирии ш.шаҳри Новосибирски АИ Федератсияи Россия барои ҳамкории илмӣ ба Тоҷикистон омаданд ва шартномаи ҳамкорӣ оид ба таёр намудани мутахассисон бо Институти ботаникаи АИ ҶТ баста шудааст, ки натиҷааш қабул намудани аспиранту докторантҳо ва тайёр намудани мутахассисони ватанӣ мебошад.
== Мукофот ==
Бо нишони сарисинагии «[[Аълочии маорифи Тоҷикистон]]» (1995) сарфароз гардидааст.