Фарқият байни намунаҳои "Кӯлоб"

х
ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х (clean up using AWB)
х (ислоҳи ихтисораҳо using AWB)
|add3 =
}}
[[Акс:Осорхонаи таърихи-кишваршиносии ш.шаҳри Кӯлоб.png|thumb|300px|Осорхонаи таъриху кишваршиносии ш.шаҳри Кӯлоб]]
[[Акс:Kulob wed center.JPG|thumb|300px|Хонаи бахт дар ш.шаҳри Кӯлоб]]
[[Акс:Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон.png|thumb|300px|Оромгоҳи [[Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ]] дар ш.шаҳри Кӯлоб]]
'''Кӯлоб''' ({{lang-fa|'''کولاب'''}}) — аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб мешавад. Далели мӯътамади таърихӣ будани онро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат медиҳад. Дар солҳои 1993-1994 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мири Кабир хумдонеро пайдо карданд, ки ба асрҳои ҳафт шаши пеш аз мелод мансуб буд. Хумдони мазкур яке аз далелҳои таърихи 2700 солаи шаҳри Кӯлоб мебошад.
 
Мақолаи дуввум, «Дар бораи тасарруфи Кӯлоб аз тарафи Абдуллохони Шайбонӣ» роҷеъ ба вазьи сиёсии шаҳри Кӯлоб ва аъзои ҳукумати Абдуллохон то давраи ҳуҷум ба Кӯлоб нақл мекунад.
 
Дар омӯзиши таьрихи Кӯлоб саҳми олимону бостоншиносони рус аз ҷумла Маева, Н,А, Матвеева, Покатило Н. Н, Семенов А. А, Баринский А. А, Варична М.А калон аст. Дар асарҳои худ ин олимон дар бораи ҳудудҳои ҷуғрофӣ, таъриху маданияти халқҳои бумӣ, урфу одати онҳо ва мавзеъҳои топаграфӣ, маконҳои таърихӣ ва дигар махсусиятҳои ин диёр маълумотҳои дақиқ медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама таърихи шаҳр ба омӯзиши чуқур ва ҳамаҷониба ниёз дорад. Дар бораи Хатлон, аз ҷумла, минтақаи Кӯлоб дар давраи Юнонӣ Бохтарӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ низ баъзе маълумот мавҷуданд. Дар нақли муаррихи Юнони қадим Ариан дар бораи шӯриши Бохтариён бо сарварии Оксиарт бар зидди Юнониёни ишғолгар, шикаст хурдани шӯриш ва ба дасти Искандари Македонӣ асир афтодани ӯ ва духтараш Рухшона «Пули Сангин», ки дар наздикии ш.шаҳри Нораки имрӯза воқеъ гардидааст, номбар карда мешавад. Дар ҷои дигар гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар ба муқобили Юнониён Пратакенҳо ва сокинони Бубасена бо сарварии Катон ва Овсиён мубориза бурданд. Муҳаққиқи маъруф Маркварт Бубасенро дар Балҷувон ҷой медиҳад. Ба ақидаи ӯ Бубасена шакли қадими номи Балҷувон мебошад. Бояд ёдовар шавем, ки дар бораи мавзеъи баргузоршавии ин шӯриш фикру мулоҳизаҳои дигар низ вуҷуд дорад. Масалан, ба ақидаи Ю. Яъқубов шӯриш бо сарварии Оксиарт (Вахшуарт) дар Қалъаи куҳи Хориён дар вилояти Самангон рух додааст. Ба фикри ҳамин муаллиф ноҳияҳои Пратакен ва Бубасен дар ҳудуди ноҳияи Данғара ҷойгир буданд, зеро дар ин ҷо дар роҳи корвонгард деҳаи Паркамчӣ вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳақӣ бо номи Баракадми во мехурад. Дар назди он қалъаи қадиме низ ҳаст. Эҳтимол, вожаи Баркадми шакли арабишудаи паркамчи вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳакӣ бо номи Баракадми вомехӯрад.
==Фарҳанг==
* Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб ;
== Адабиёт==
* Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — {{Д.}}: [[СИЭМТ]], 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
* [[Кӯлоб (Китоб)|Энсиклопедия — Кӯлоб]], ш.шаҳри Душанбе, соли 2006.
* [[Энсиклопедияи советии тоҷик|Энциклопедияи советии тоҷик]], ш.шаҳри Душанбе, с.1980.
 
== Инчунин нигаред ==