216 367
edits
х (→Зиндагинома: ислоҳи ихтисораҳо using AWB) |
|||
'''Зариф Раҳмонович Шарифов''' (тав. 15.12.1949, деҳаи Саръёзии Миёнаи ноҳияи Кӯлоб), иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ (2009), профессор (2010), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2009), аъзои вобастаи Академияи байналхалқии илмҳои ташкилӣ (2010).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1966–1968 дар Техникуми хоҷагии қишлоқи ба номи В.И. Ленини ноҳияи Мастчоҳ, 1968–1972 дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1972–1974 ҳамчун лаборанти калон, 1974–1975 ходими хурди илмии сектори самаранокии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Институти иқтисодии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶТ]] фаъолият дошт. Солҳои 1975–1978 дар аспирантураи Институти иқтисодии АИ ҶШС Тоҷикистон таҳсил намудааст. Соли 1978 лаборанти калони илмии сектори самаранокии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Институти иқтисодии АИ ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1978–1979 ходими хурд, 1979–1983 ходими калони сектори номбурдаи Институти иқтисодии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶТ]], 1983–1985 муаллими калон ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи давлатии омӯзгории
== Осор ==
Сарфаю сариштакорӣ дар колхозҳо, Д., 1983; Такмили тақсимоти даромад дар колхозҳо, Д., 1987; Ҳисоби хоҷагӣ ва пудрати иҷора дар хоҷагии қишлоқ, Д., 1993; Муносибатҳои бозоргонӣ дар комплекси агросаноатӣ (Дастури таълимӣ), Д., 1994; Ҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар корхонаҳо (Дастури таълимӣ), Д., 2000; Ислоҳоти маориф: пешравӣ, мушкилот ва пешниҳодот, Д., 2007; Дастур оиди бурдани ҳисобдории бухгалтерӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 2007; Асосҳои иқтисоди бозор ва ташаккули механизми хоҷагидорӣ дар КАС, Д., 2008; Моликият ва шаклҳои он дар шароити иқтисодиёти гузариш // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи иқтисодиёт, № 1(5), 2002; Риояи манфиатҳои субъектҳои бозори суғурта – омили асосии рушди суғурта дар хоҷагии қишлоқ // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи иқтисодиёт, № 1–2 (25– 26), 2007.
|