Батуми: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 60:
|язык сайта 2 = en
}}
'''Бату́ми''' ({{lang-ka|ბათუმი}} [батуми], то [[соли 1936]] — '''Бату́м''') — [[шаҳр]]и бандарӣ, пойтахти Ҷумҳурии мухтори Оҷор (дар ҳайати Гурҷистон). Дар соҳили Баҳри Сиёҳ ҷойгир буда, истгоҳи охирини р.роҳи о.-иоҳани Боку – Батуми аст. Аҳолиаш 200 ҳазор нафар (2012). Батуми бандари бузургтарини дарёии мамлакат буда, ба воситаи он воридоти чӯбу тахта, ғалла, қанду шакар, лавозимоту таҷҳизот ва содироти маҳсулоти нафтӣ, чой, консерву мева сурат мегиранд. Фурудгоҳ дорад. Батуми дар а.садаи 11 ҳамчун қалъа маъмул буд. Соли 1547 туркҳо забт карданд ва с. 1878 аз рӯйи шартномаи Берлин ба Империяи Россия ҳамроҳ шуд. Солҳои 1878–86 порто-франко (бандари бебоҷ) ва баъди Одесса ва Санкт-Петербург сеюмин бандари бузургтарини баҳрӣ буд (1907). Дар Батуми саноати коркарди нафт, мошинасозӣ (таҷҳизоти саноати чой, нафт ва киштисозӣ), электротехника, кимиё, коркарди тамоку тараққӣ кардааст. Осоишгоҳҳои иқлимии лабибаҳрӣ дорад. Зимистонаш нарм ва бебарф, тобистонаш гарми офтобӣ. Ҳарор. миёнаи январи 60С, август 230С. Дар қисми шимолии Батуми мавзеъҳои табобатию истироҳатии Маҳинҷаури, Димоғаи Сабз ҷой гирифтаанд. Аз Ҷ. ба шаҳр теппаҳои сабз пайвастаанд, ки аз болои онҳо кӯҳҳои баланд намудоранд. Дар Батуми рустаниҳои субтропикӣ бештар вомехӯранд (дарахти нахл, буттаи чой, меваҳои ситрусӣ). Дар қисми ғарбию шарқии Батуми, дар наздикии Димоғаи Сабз Боғи ботаникӣ (1912) воқеъ гаштааст, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор навъ рустаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ парвариш меёбанд. Инчунин дар Батуми масҷид, калисои католикии Бибимарям, ибодатгоҳи яҳудиён, осорхонаи санъат ва таърихи Оҷор, театр мавҷуд аст.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Батуми"