Бермудо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Табиат: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 60:
 
== Табиат ==
Бермудо аз 8 ҷаз. бузург ва 130 ҷаз. хурд иборат аст. Хатти соҳили ҷаз-ҳо 103 км тӯл кашидааст. Сатҳаш ноҳамвор ва теппадор, нуқтаи баландтаринаш-Таун-Хилл (79 м). Ҷаз-ҳо асосан аз таҳнишастҳо ва оҳаксангҳои марҷонӣ таркиб ёфтаанд. Иқлимаш субтропикии намнок. Ҳарор. миёнаи моҳи гармтарин-августи 26,7<sup>0</sup>С, моҳи сардтарин-март 18,7<sup>0</sup>С. Миқдори боришоти солона-то 3100 мм. Аз июл то ноябр тӯфонҳои сахт мевазанд. Обанбори дохилӣ мавҷуд нест, барои ошомидан ва истеҳсолот аз оби борон истифода мебаранд. Бешаҳои фарохи дарахти ҷалғӯза, ки дар а.садаи 19 барои киштисозӣ истифода мешуданд, қисми зиёди Бермудоро фаро гирифтаанд. 20 дарсади ҳудуди Бермудо ҷангалзор буда, дарахтони нахл, бамбук, нахли харбуза (папая) ва бедгули аз Амрикои Шимолӣ овардашуда мерӯянд. Манзараҳои сунъӣ бештар ба назар мерасанд.
 
== Аҳолӣ ==