Меҳр (эзид): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи ҳуруфи тоҷикӣ using AWB
х →‎top: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
 
Сатри 3:
Дар замонҳои қадими тотаърихӣ [[асотир]]ӣ ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро [[Меҳр (Митро)]] мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносону гоҳшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан [[Меҳр (Митро)]] Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «[[Авесто]]»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар асри III қабл аз мелод ҳамчун Худои Офтоб шинохта шуда будааст. Ҳануз дар асри V то мелод дар шаҳри Мемфиси [[Миср]] [[маъбад]]и худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи [[Рим]] парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои [[Британия]] расида буд.
 
Митроро дар [[Эрон]]и қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ ([[Ҳурмузд]]) ва бадӣ ([[Аҳриман]]) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри I то мелод ва асри II мелодӣ) пайдо мешавад. Дар [[Арманистон]]и қадим ин калима ба шакли Меҳр – Худои Офтоб, чароғи Осмон ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар ш.шаҳри Гарни (асри I мелодӣ) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар ш.шаҳри Ван бунёд карда мешавад. Номҳои армании Мигран, Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад. Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монавӣ Митро ном дорад. Дар [[Бобулистон]] ва [[Бохтари қадим]] низ ҷараёни митропарастӣ тараққӣ ёфта будааст.<ref>Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 368-370</ref>
 
То замони зуҳури [[Зардушт]] ниёкони мо бар он бовар буданд, ки Хуршед (Меҳр, Офтоб) худои бузург аст. Парастиши офтоб дини расмии шоҳаншаҳони Ҳахоманишӣ ва ашконӣ буд. Лозим ба ёдоварист, ки парастиши Хуршед (офтоб), ба шаклҳои гуногун хоси бовариҳои диннии якчанд қавму қабоили рӯйи замин мебошад. Аз ҷумла яке аз қабилаҳои майя, ки дар Амрикои Лотинӣ маскан доранд, то ҳанӯз хуршедпарастиро ихтиёр доранд. Дар аксарияти бовариҳои диннии ҷаҳон эҳтирому ниёиш ба офтоб вуҷуд дорад. Чуноне ки дар [[яшт]]ҳои дини зартуштӣ омадааст, Меҳрро низ ситоиш мекардаанд. Дар “Қуръон”-и маҷид низ сурhаи вижае, унвонии “Ашшамс”, ба ситоиши офтоб бахшида шудааст.