Носири Хусрав: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Эҷодиёт: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 11:
 
== Эҷодиёт ==
Китоби [[Сафарнома]] мушоҳидаҳои нависандаро аз сафари ҳафтсола бо насри равону сода инъикос кардааст. Ин асар аҳамияти бадеию таърихӣ дорад, ҳодисаҳои он вокеӣ мебошанд. Нависанда ҳар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки ҳосил кардааст, ҳамон хел айнан баён намудааст. Масалан, дар сифати шаҳри Байтулмуқаддас (Иерусалим) менависад: «Шаҳрест бар сари кӯҳе ниҳода ва об нест, магар аз борон ва дар рустоҳо об аст, аммо ба шаҳр нест. Ин шаҳр бар сари санг ниҳодааст ва шаҳри бузург аст, он вақт ки дидам, бист ҳазор мардум дар вай буданд. Ва бозорҳои неку ва биноҳои олӣ дорад ва ҳама замини шаҳр бар тахтасангҳое фарш андохта ва ҳар куҷо кӯҳ будааст ва баландӣ буридаанд ва ҳамвор карда чунон ки борон борад, хамаҳама замин покиза шуста шавад».
Дар Сафарнома Носири Хусрав манзараҳои табиати кишварҳои гуногун, анъанаҳои мардум, ободии шаҳрҳоро ба таври муфассал нақл кардааст.