Саразм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 26:
 
== Таърих ==
Шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III—II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Ана Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба хамун сол рушд кардаасту инкишоф. Ба чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима чи ки ҳатто пеш аз қадима номид. Вижа, биноҳои монументали, кӯчаҳои сангфаршуда, нобаробарии молу мулки, ба табақаҳои иҷтимои ҷудошавии ҷомеъа, савдову тиҷорат, дӯконҳои сонеъи, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофадандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб хуллас ҳама чи ки он вақт буд ва ҳоло ҳам ин пешаҳо маъмуланд. Ҳамин аст рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиё мебошанд. Аслан наметонад як қабила бе кумаку дастгирӣ ва мубодилаи таҷрибаи қабилаи ғайр ба муддати тӯлони пойдор бимонад. Мавкеъи ҷуғрофии Саразм имкон дод, ки аз қавму қабоили дигар дониши иловагӣ гиранду бо дониши хеш онро синтез кунанд. Инчунин ба пешрафти савдову тиҷорати байни қабилаҳо, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз хамаҳама нишонаҳои зерин асос шудаанд: тахассуси байниқабилавӣ, алоҳида рушд кардани кишоварзӣ аз ҳунармандӣ, аммо дар шакли мутамарказ, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва васоити истеҳсолот, пешрафти чорводории хонагӣ ва коҳиш ёфтани мавқеъи шикор дар ҷомеъа, азхудкунии сарватҳои табии ва бисёр-бисёр чизи дигар. Ин муҷиб ба он шуда, ки суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.
 
Аз бозёфтҳои Саразм рушан мешавад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саразм"