Муҳаммад Болтаев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 30:
== Зиндагинома==
Соли 1950 Институти педагогии шаҳри Бухороро ба поин оварда, чанде дар Омӯзишгоҳи педагогӣ ва кумитаи комсомолии ҳамин шаҳр заҳмат кашидааст. Солҳои 1951-1954 аспирант, 1954-1968 муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин]], 1968-1974 мудири ҳамин кафедра буд. Аз соли 1975 фаъолияташ дар Узбекистон ҷараён гирифтааст, вазифаҳои профессори Институти такмили ихтисоси муаллимони Узбекистон (1975-1977), ректори Институти давлатии педагогии Қаршӣ (1977-1986), мудири кафедраи фалсафаи Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро (1986-2011) адо намудааст.
Аз аввалин файласуфони тоҷик аст, ки масоили назарияи маърифати Ҳаким Ибни Сино ва шогирдону пайравонашро ҷиддан думболагирӣ ва мактаби фалсафии машшоъро мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дод. Ковиши илмиаш бобати афкори маънавию ахлоқии мутафаккирони Шарқи асрҳои миёна, андешаҳои намояндагони тасаввуф ва ѓайрағайра қобили қайд аст. Китоби дарсии таълифнамудааш «Мантиқ» беш аз ним аср ба донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон хидмат мерасонад.
== Осор ==
Озодфикрии мутафаккирони Осиёи Миёна. – Сталинобод, 1958; Материя ва шуур. – Сталинобод, 1958; Рӯза ва баъзе дигар хурофоти дини ислом. – Сталинобод, 1959; Назарияи дониш. – Сталинобод, 1960; Некоторые вопросы гнесологии и логики в произведениях Ибн Сины и его школы. – Д., 1965; Ибни Сино. – Д., 1972; Ақидаҳои фалсафии Абӯалӣ ибни Сино. – Д., 1969; Материя ва шаклҳои мавҷудияти он. – Д., 1971; Роли оммаи халқ ва шахс дар таърих. – Д., 1972 (ҳаммуаллиф); Абуали ибн Сина – великий мыслитель, ученый, энциклопедист сред-неввекового Востока. – Ташкент, 1980; Политическое воспитание молодежи в условиях развитого социализма. – Ташкент, 1981; Ибн Сина – выдающийся философ средневековья. – М., 1983; Материализми диалектикӣ. – Д., 1974 (ҳаммуаллиф); Мораль сегодня: учимся, спорим, размышляем. – М., 1988.<ref>Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб [[Ёрмуҳаммади Сучонӣ]]. – Душанбе, 2017. – С. 111.</ref>