Ғам: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Андуҳ ё ғам навъи эҳсос аст, ки дар натиҷаи аз даст додани тавоноӣ ё баъд аз эҳсоси зарар эҷод м...
(бе тафовут)

Нусха 07:53, 19 октябри 2020

Андуҳ ё ғам навъи эҳсос аст, ки дар натиҷаи аз даст додани тавоноӣ ё баъд аз эҳсоси зарар эҷод мешавад. Ғам маъмулан бо ашк, кам шудани энергия ва инзиво ҳамроҳ аст. Вуҷуди эҳсоси ғам дар афрод як амри табиӣ аст, аммо афзоиши ин эҳсосот ҳамроҳ бо танишҳо ва авомили стресовар метавонад табдил ба афсурдагӣ шавад, ба шакле, ки фарди афсурда рўзҳо ва ҳафтаҳо дорои як эҳсоси ғамгинӣ ва нохушоянд аст, ки ин эҳсос мўҷиби ихтилол дар равобити иҷтимоӣ ва таҳсилӣ мешавад. Андуҳ, метавонад боиси барҳам задани халқу хуй ва эҷоди афсурдагӣ, ҳамчунин беангезагӣ ё навмедӣ шавад. Аз омилҳои эҷоди ғам метавон ба мушкилоти хонаводагӣ, аз даст додани дўстон ё аъзои хонавода, танҳоӣ, камбуди муҳаббат, сархўрдагии иҷтимої, фақр, шикаст дар ишқ ва ғйра ном бур[1].

  1. https://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%BA%D9%85