Маркетинг: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Маркетинг''' аз калимаи англисй «market» — бозор пайдо шудааст. Назар ба бозор мафҳуми маркетин...
(бе тафовут)

Нусха 11:25, 19 октябри 2020

Маркетинг аз калимаи англисй «market» — бозор пайдо шудааст. Назар ба бозор мафҳуми маркетинг мазмуни васеъ ва чуқуртар дорад. Маркетингро бозоршиносй гуфтан ҳам на чандон дуруст аст. Маркетингро хамчун системаи мукаммали ташкил ва идоракунии фаъолияти боҳаракати ширкат тасвир намудан лозим аст. Бо ибораи дигар фаъо­лияти маркетингии ширкат аз вақти пайдо шудани ақида дар бораи ягон моли нав cap шуда то вақти истеҳсолу гузориши мол, мубодилаи вай ва инчунин хизматрасонӣ пас аз фурӯш ва ташкили истеъмоли мол, давом дорад. Таърифи ҳозиразамони маркетингро олими Амрико. яке аз аъзоёни ассосиатсияи маркетинг ИМА, профессори университета Шимолу Ғарб Филипп Котлер додааст. Маркетинг- яке аз шаклҳои фаъолияти инсон буда, бо воситаи мубодила ба конеъ намудани эхтиёҷоту талаботи одамон равона карда мешавад. Чунин таърифи мухтасар шарҳро талаб мекунад: Маркетинг- чунин шакли фаъолияти мақсадноки гуруҳи одамон мебошад, ки ихтисоси махсусро талаб мекунад ва меҳнати онҳо хам ба ширкат ва хам ба ҷамъият фоиданок аст. Маркетинг- бо муайян намудани эҳтиёҷоту талабот ва бо аниқ намудани тақозои харидорон сару кор дорад ва ширкат бояд ҳамаи онҳоро ба эътибор гирифта барои қонеъ гардонидан ҳаракат намояд. Маркетинг- бо гузаронидани чорабиниҳои мушаххас дар доираи гуногуни истеҳсолот, алалхусус дар муомилот яъне дар вақти хариду фурӯши молхо вобастагй дорад.

Дар натичаи тахлилу санчидани гуфтаҳои дар боло зикршуда ба чунин хулоса меоем. Маркетинг- ин сиёсати корхона бахри гирифтани фоида, ки дар натиҷаи омӯхтану ояндабинӣ, идоракунии оқилона ва қаноатмандгардонии истеъмолкунандагон бо мол, хизмат ё чизи дигари харидаашон ба даст меояд, асос меёба[1].

  1. http://univer.tj/marketing/maf%D1%9Aumi-marketing/