Ирода: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Абдуҷалили Амон (баҳс | ҳисса) No edit summary |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) илова |
||
Сатри 1:
{{манбаъ}}
'''
Марҳалаҳои ташаккул ва бавуҷудоии феъли иродӣ: 1. Тасаввур (дарк)-и феъл. 2. Тасдиқ ба фоидаи он, хоҳ дар ҷалби манфиат бошад ё рафъи зиён. 3. Шавқ ба анҷом додани он феъл. 4. Тасмими қатъӣ барои анҷом додани он. 5. Неруи ҳаракатии бадан ё марҳалаи иҷрои он. Дар бисёре аз амалҳо тамоми ин марҳалаҳо пайи ҳам рӯх медиҳанд, ки фоил аз онҳо хабар намеёбад.
Line 5 ⟶ 6:
== Донишмандони асри 20 ==
{{манбаъ}}
== Дар равоншиносӣ ==
{{манбаъ}}
Ирода ба ҷаҳонбинӣ, боварӣ, ғоя ва маърифату маданияти шахс вобаста аст. Ҷиҳатҳои субъективии иродасифату меъёрҳои ахлоқӣ, қобилияту ҷаҳонбинӣ ва ҷиҳатҳои объективии он қонунҳои табиату ҷамъият, шароити муайяни ҳаёт мебошанд. Ирода бо тамоми бахшҳои дигари шуури инсонӣ ва унсурҳои таркибии равон, аз қабили ниёзмандиҳо, майлҳо, ормонҳо, эътиқодот, фаъолиятҳои фикрӣ, эҳсосот ва ғ. иртибот дорад. Вақте инсон барои коре боварии қатъӣ дошта бошад, метавонад онро бо иродаи қавӣ бомуваффақият анҷом диҳад. Иродаи қавӣ дар бисёр мавридҳо одамонеро, ки ормонҳои олӣ ва майлҳои амиқ доранд, аз дигарон фарқ мегузорад ва қотеияти онҳоро нишон медиҳад. Шахс дар таҳаммули фишорҳо ба иродаи қавӣ ниёз дорад ва он барои ҳофизаи иродавӣ, таваҷҷуҳи иродавӣ, тахайюли ибтикорӣ, тафаккур ва дигар фаъолиятҳои зеҳнӣ зарур аст. Эҳсосот дар иродаи инсон ду навъ таъсир мегузорад: агар эҳсосоти нек ва ҳаяҷонҳои мусбат бошанд, ба монанди шунидани хабари хуш ва сухани дилпазир, иродаи шахсро тақвият ва дар анҷоми корҳояш нишоту пӯёӣ мебахшад; эҳсосоти нохуш ва ҳаяҷонҳои манфӣ, ба мисли хабари нохуш ва сухани бад, мӯҷиби заъфи ирода, коҳиши таҳаррук, камфаъолиятӣ ва беҳавсалагӣ дар ӯ мегарданд. Шахсе, ки иродаи қавӣ дошта бошад, метавонад ҳаяҷони манфӣ ва эҳсосоти нохушро аз худ дур кунад ва ба ҳолатҳои равониаш тасаллут дошта бошад. Иродаи қавӣ ба ҳамон андоза, ки барои фаъолиятҳои назарӣ аҳаммият дорад, барои корҳои амалӣ низ муҳим мебошад. Ирода моҳиятан ба сохти ҷамъиятӣ, шароити муайяни таърихӣ вобаста буда, ба туфайли таъсири омилҳои гуногуни онҳо ташаккул меёбад ва дигаргун мешавад. Иродашахс дар муомила, муносибат, рафтор ва фаъолияти бошууру мақсаднок ифода меёбад. Ирода бо хислати шахс низ робитаи қавӣ дошта, монанди он тағйирпазир аст. Баъзе шахсон гирифтори заъфи ирода ҳастанд. Онҳо дар рафти анҷоми корҳо ба тасмимгирии қатъӣ ва бартарафсозии монеаҳо қодир нестанд. Ин натиҷаи он аст, ки баъзе унсурҳои ташкилдиҳандаи ирода дар рӯҳияи онҳо дуруст ташаккул наёфтааст. Ин гуна шахсонро дар байни мардум шахсони беирода мегӯянд. Иродаи ахлоқиро танҳо бо омӯзиши ҳаматарафа ва илмии мавзӯи ирода дар шогирдон, хурдсолон ва афроди таҳти тарбия дар оила метавон парвариш дод. Бинобар ин тарбияи насли навраси қавиирода, зираку ҳушёр ва содиқ ба халқу ватани худ дар шароити пуртазодди имрӯзи ҷаҳон вазифаи ифтихории волидайн, омӯзгорон, равоншиносон ва аҳли ҷомеа мебошад.
== Мафҳуми ирода ==
{{манбаъ}}
Дар фалсафаи исломӣ ирода дар ғайри Худованд яке аз ҳолатҳои нафс буда, баъзе ҳукамо онро дар шумори кайфиёт – ҳолатҳои нафсонӣ овардаанд. Ба гуфтаи Киндӣ, иродаи махлуқ қуввае нафсонӣ аст, ки аз ангезандае бармехезад ва ба амал мегарояд. Ангезанда ба назари ӯ, мартабае поинтар ва басит дар феъл ё фаъолияти зеҳнӣ аст ва хотир дар пайи он ба вуҷуд меояд ва ирода ҳолате бархоста аз хотир аст. Форобӣ мегӯяд: «Одамӣ умури мумкинро ихтиёр мекунад, аммо ирода он аст, ки бар номумкин низ тааллуқ тавонад гирифт, ба монанди иродаи шахс бар бемаргии хеш. Бинобар ин, ирода омтар аз ихтиёр аст, яъне ҳар ихтиёре ирода аст, аммо ҳар иродае ихтиёр нест». Ба гуфтаи ӯ, нахустин ирода ё мартабаи ирода шавқест, ки аз эҳсос пайдо шудааст ва марбут ба ҷузъи нузуъии нафс аст. Дар мартабаи баъд, ки нафс ба тахайюл медарояд ва ин тахайюл шавқеро дар пай дорад, ба дунболи иродаи аввал аз тахайюл ирода ё шавқи дуюм, ба вуҷуд омадааст. Пас аз ҳусули ин ду ирода нафси нотиқа асосҳои шинохти ақлиро аз ақли фаъол касб мекунад ва аз нотиқаи ӯ шавқи нафс ҳосил мешавад. Ин шавқ иродаи сеюм аст, ки онро ихтиёр номидаанд ва танҳо одамӣ ба он махсус гардонида шудааст. Ду иродаи аввал дар ҳайвони ғайри нотиқ падид оянд, аммо иродаи хосси одамӣ ҳамон аст, ки ӯро бар феълҳои неку бад тавоно месозад ва сазовори ситоиш ё накуҳиш мегардонад.
== Ҳукамои исломӣ ==
Ба андешаи ҳукамои исломӣ илм ва Ирода Худо ду чеҳраи як ҳақиқатанд. Ба гуфтаи Садруддини Шерозӣ, илми Худо чанд мартабаву дараҷа дорад. Ибни Сино бар ин андеша аст, ки Худованд оламро офарида, дар ботини он қонунҳое гузоштааст, ки минбаъд тибқи ин қонунҳо инкишоф меёба<ref>
الجرجاني علي ابن محمد الشريف. كتاب التعريفات. بيروت، ١٩٨٥؛ رسائل ابن عربي. تهران ۱۳۶۷ ش.؛
|