Инсонгароӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х Вироиши Абдуҷалили Амон (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки VASHGIRD анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 1:
'''Инсондӯстӣ''', '''Башардӯстӣ''', ё '''ҳумани́зм''' (аз {{lang-la|humanitas}} — «инсоният», {{lang-la2|humanus}} — «инсонӣ», {{lang-la2|homo}} — «[[инсон]]») — низоми мақсадгузориҳои шахс нисбат ба объектҳои иҷтимоӣ (одам, гурӯҳ, мавҷудоти зинда), ки ба меъёру арзишҳои маънавӣ марбут буда, дар фаъолият, муошират, ҳамкорию ҳамҳиссӣ намудан ва ёрӣ расондан зоҳир мегардад.
'''ИНСОНДӮСТӢ''', башардӯстӣ, одамият, усули ҷаҳонбинию ахлоқӣ ва эҳсоси гарму самимияти баланди инсонӣ, ки бар пояи некукориву меҳрубонӣ ва ҳамдардӣ бунёд шуда, муносибати хайрхоҳона ба инсонро ҳамчун волотарин арзиш арзёбӣ мекунад, ба ҷону мол, шарафу арзишҳои навъи башар ва ҳуқуқҳои бунёдии инсон эҳтиром гузошта, ҳифзи ин арзишҳо ва саодати инсониятро тарғиб менамояд. Инсондӯстӣ хосси ҷамъияти мутаммадинест, ки қонунҳои ҷангали ҷомеаи ибтидоӣ ва хӯи ҳайвониро дар худ дарҳам шикаста, арзиши баланд доштани ҳаёти инсонро дарёфтааст ва барои ҳифзи он чораҳои заруриро тарҳрезӣ мекунад. Сиришти солиму комили инсонӣ бар асоси эҳсоси хайру некӣ бунёд шудааст ва инсондӯстиро тақозо дошта, аз бадӣ табиатан нафрат дорад. Онҳое, ки фақат барои миллату меҳани худ ҳисси инсондӯстӣ доранд, нажодпараст ҳастанд. Барои нажодпарастӣ молу ҷони қавму миллат ва нажодҳои дигар арзише надоранд ва бо табиати хайри инсон созгор нест. Инсондӯстӣ қадр кардани арзишҳои қавму миллатҳо ва нажодҳои дигарро тақозо дорад. Акси инсондӯстӣ яъне инсонситезию инсонбадбинӣ дар рӯҳияи бемору заиф тавлид мегардад. Решаи ин беморӣ ба тарбия нодурусту вазъи ногуворе андар аст, ки шахси мубталои он дар оила ва муҳити носолим рушд ёфтааст. Инсондӯстӣ рӯҳи латиф, дили пурмеҳру бузург, муҳаббати устувор ва боварии амиқ талаб дорад ва бидуни ин ҳусну сифатҳо побарҷо нахоҳад монд. Зотан инсон ин ҳусну сифатҳоро дар замири худ аз давраи тифлӣ парвариш мекунад, вале то кадом дараҷа баҳри такомули он талош меварзад, нахуст аз падару модар ва муҳити оила, дуввум аз муҳити ҷомеа ва севвум аз худи шахс вобаста а<ref>Ревякина Н. В. Проблемы человека в итальянском гуманизме второй половины XIV – первой половины XV в. М., 1977; Саъдии Шерозӣ. Куллиёт. Д., 1988; Сартр Ж. Экзистенциализм – это гуманизм. М., 1989; Кудрявцев О. Ф. Ренессанский гуманизм и «Утопия». М., 1991; Oldenquist A. The Origins of Morality: An Essay in Philosophical Anthropology // Social Philosophy & Policy. 1991; Norton D. F. Hume, Human Nature, and the Foundations of Morality // The Cambridge Companion to Hume / Ed. D. F. Norton. Cambridge, 1993; Gaskin J. C. A. Hume on Religion // The Cambridge Companion to Hume / Ed. D. F. Norton. Cambridge, 1993; Леви-Стросс К. Три вида гуманизма. М., 1994; Wright R. The Moral Animal: Why We Are, the Way We Are: The New Science of Evolutionary Psychology. N. Y., 1994; Абдуллозода Ш. Фалсафаи одамият. Д., 2003; Bentham J. An Introduction to the Principles of Morals and Legislation. Vancouver: Read Books, 2008.
دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ٧. تهران، ١٣٧٧ ش.
</ref>.
 
Инсондӯстӣ чун мақсадгузории иҷтимоӣ ҷанбаҳои маърифатӣ, эҳсосӣ (эмотсионалӣ) ва рафториро дар бар мегирад ва дар таҳлили доираи васеи масъалаҳои марбут ба азхуднамоии меъёрҳои ахлоқӣ, эмпатия ва ғайра ҷалб мегардад. Инсондӯстиии инкишофёфтаи шахс дар гурӯҳҳои дараҷаи тараққиёташон баланд ба назар мерасад.
Ахлоқ ва маънавиёти ҷомеаҳои даврони бостон дар тӯли ҳазорсолаҳо дар зинаҳои паст қарор дошт, ки боиси тақсими одамон ба «худӣ» ва «бегона» мешуд ва ҷаҳонбинии маънавӣ танҳо ба арҷгузории арзишҳои авлодиву қабилавӣ бунёд меёфт. Нисбат ба «бегонагон» ҷазову муносибати бераҳму ваҳшиёна раво дида мешуд, ки он расму оин ва як навъ қонуни авлодиву қабилавӣ ба шумор мерафт. Таассубу худхоҳӣ инсониятро борҳо ба ҳадди нестӣ расонидааст. Ин аҳвол шахсони хирадманди ҳар давронро водор кард, то чаҳорчӯбаи ахлоқӣ ва таълимотеро бунёд гузоранд, ки боиси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии мардуми гуногун гардад. Аз ин рӯ, дар такомули инсондӯстӣ аз даврони бостон инҷониб паёмбарон, ҳакимону шоирон, мактабҳои мухталифи илмиву ахлоқӣ ва тамаддунҳои гуногуни башарӣ хидмати шоён кардаанд. Маҳз, хидмати шоиста ва муборизаи садсолаҳои онҳо будааст, ки маънавиёт, илму ахлоқ ва маданияти инсоният дар ҳар як аср зина ба зина инкишоф ёбад ва инсони ҷоҳили бостон ба инсони ҳушманди имрӯз мубаддал гардад.
 
Ташаккули инсондӯстӣ дар онтогенез ба инкишофи худшиносии кӯдак дар ҷудо намудани «ман»-и худ аз дигарон марбут аст. Пажӯҳишҳо муайян намудаанд, ки дар ташаккули инсондӯстии кӯдак фаъолияти якҷояи ӯ аввал бо калонсолон ва сипас бо ҳамсолон мавқеи ҳалкунанда дорад. Фаъолияти якҷоя ягонагии фазои таассуроти эҳсосиро ба вуҷуд меоварад, иваз намудани мавқеъҳо дар раванди бозӣ ва муошират бошад, дар кӯдак муносибати башардӯстонаро нисбати дигарон ташаккул медиҳад. Омӯзиши қонуниятҳои ташаккулу инкишофи инсондӯстӣ ва механизмҳои амалнамоии он вазифаи аввалиндараҷаи тарбияи маънавии шахс, ташаккули шахсияти комил мебошад.
Фарҳанги мардуми гуногуни ҷаҳонро бо ҳам муқоиса карда, байни онҳо ҳам арзишҳои умумӣ ва ҳам фарқкунандаро вохӯрдан мумкин аст. Нишонаҳои нодири ҳар як тамаддун ва ҳар як низоми робитаҳои иҷтимоӣ дар инсондӯстӣ таҷассуми худро ёфтаанд. Масалан, Эъломияи ҳуқуқи башар (ё худ устувонаи Куруш), ки соли 538 то м. бо фармони Куруш (600–530 то м.) нигошта шудааст, баёнгари инсондӯстӣ ва тамаддуни баланди эрониён мебошад. Ғайр аз ин, боризтарин хусусияти инсондӯстӣ дар фалсафа ва ирфони Эрони Бостон – Ҳикмати Хусравонӣ таҷассум ёфтааст, ки ишқу муҳаббати инсон ва меҳр варзиданро ба тамоми мавҷудоти олам, бахусус ба инсонҳо, бидуни таваҷҷуҳ ба ҷинс, ранги пӯст, нажод ва дини онҳо талқин мекард; шод будан, шод кардани дигарон, некукорӣ ва ғамхорӣ ба ҳамагон аз нишонаҳои муҳимми ин ҳикмат ба шумор мерафт ва машҳуртарин намояндагони он дар оғози ислом ва асрҳои миёна Ҷомосб, Фаршуштар, Боязиди Бистомӣ, Абулҳасани Харақонӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Абусаид Абулхайр ва Шаҳобуддини Суҳравардӣ буданд.
 
== Инсондӯстӣ дар осори Ҳинди Бостон ==
Инсондӯстӣ дар осори Ҳинди Бостон(Ведаҳо, Маҳабҳарата, Рамаяна ва ғ.) низ хеле барҷаста акс ёфтааст. Хусусияти ахлоқи хеле баланди мардуми Ҳинди Бостон дар он зоҳир мешуд, ки инсондӯстӣ дар онҳо муҳаббат ва ҳамдардӣ ба тамоми мавҷудоти зиндаро дар назар дошт ва бо мафҳуми «ахимса» – зарар нарасонидан ба ҳеч як мавҷуди зинда баён мешуд. Дар ахлоқи Чини Бостон инсондӯстӣ (жэн) усули марказиву бунёдии ахлоқ ба шумор мерафт. Конфутсий ин низомро тақвият бахшида, мафҳуми «инсондӯстӣ»-ро барои бунёди ғояи «шахси ормонӣ – ҷавонмарди наҷиб» истифода бурд. Тамаддуни юнонӣ-румӣ намунаи пайванди инсондӯстӣ бо ахлоқи ғуломдорист. Ахлоқи Демокрит, Суқрот, Афлотуну Арасту саршор аз тантанаи бузургдошти инсон ва эҳтироми зебоиҳои рӯҳу тавоноиҳои хиради ӯ мебошад. Файласуфони Юнони Бостон инсонро аз ҳокимияти худоён озод карданд, ки ин боиси инкишофи инсондӯстӣ гардид ва акнун эҳтироми инсон аз ҷониби инсон на аз рӯйи фармони худоён, балки тибқи амри виҷдон ва шарафу номус ба ҷо оварда мешуд.
 
Бииунёди ҳамаи динҳои ҷаҳон бар пояи инсондӯстӣ ва меҳрварзӣ устувор аст. Дар суннати яҳудия дар миёни бештар аз ним ҳазор меъёри ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва хоҷагидорӣ инсондӯстӣ яке аз муҳимтарин аҳком ба шумор меравад. Усули марказии таълимоти Мусо (а) адолат аст, ки моҳияти И. ва раҳму шафқат бар он такя карда, зуҳури додгустарӣ дар шаклҳои гуногун мебошанд. Дар дини масеҳӣ ғояҳои инсондӯстӣ бештар инкишоф ёфта, муҳаббат ба наздикон ва атрофиён яке аз муҳимтарин таълимоти он ба шумор меравад.
 
== Инсондӯстӣ дар ислом ==
Инсондӯстӣ дар ислом чунон тарғиб шудааст, ки аз дасту забони инсони боимон на танҳо инсон, балки мурчае ҳам озор нахоҳад ёфт (Қуръон, 16:50–55; 104:1). Паёмбар (с) фармудаанд: «Халқ аёли Худоянд ва маҳбубтарин халқ ба даргоҳи Худо касест, ки суд расонад ба иёли Худо ва хонадонеро шод кунад». Дар ин низом инсондӯстӣ маънии ҷонбозиҳо кардан дар роҳи Худо ва дар оромиву осоиш мондани дигаронро дорад. Ислом мунодии ҳуқуқи башар буда, тибқи он камоли инсонӣ маънии дӯст доштани халқи Худост. Худованд Дар Қуръон омадааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст; Худо Донои Хабардор аст» (49:13). Яъне, аз он ҷиҳат, ки ҳамагӣ бани Одам ҳастанд, каромат доранд, аммо онҳое, ки парҳезгортаранд ба Худо наздиктар ва назди Худо гиромитаранд. Пас, онҳое, ки Худоро дӯст медоранд, парҳезгортаринҳоро бештар дӯст хоҳанд дошт. Ислом бо арҷ гузоштан ба фазилати ахлоқӣ, ҳама муъминонро нисбат ба якдигар бародар мехонад ва чун ҳамаро аз як нафси воҳид медонад, парҳезкори (тақво)-ро дар байни онҳо ченаки бартарӣ мегуморад. Дар дини ислом дар айни тавсеа ба дӯст доштани волидайну ҳамватанон, дӯст доштани тамоми башарият тарғиб ва аз таассуботи харобкорона наҳй шудааст.
 
Дар даврони Эҳёи Аврупо И. (ҳуманизм) дар осори донишмандони ин даврон (А. Данте, Ф. Петрарка, Д. Боккаччо, Т. Морр, Эразми Роттердамӣ ва дигарон) бештар тасвир шуда, заминаҳои ташаккул ва нуктаҳои бунёдии И.-и даврони баъдиро ташкил дод. Онҳо дар симои инсон на он инсони гунаҳкори асрҳои миёна, балки инсонеро медиданд, ки комилтарин офаридаи Худост, чун нусхаи сурати Худо офарида шудааст, сифатҳои илоҳӣ дорад ва офаридгор аст.   
 
Дар асрҳои 20–21 баробари рушди илму технологияи муосир шинохти арзишҳои инсондӯстӣ ва қадр кардани онҳо вусъат ёфт, ҳарчанд инкишофи илм аз тарафи дигар поймолкунии арзишҳои башариро дучанд афзун кард ва куштори инсонро аз ҷониби инсон суръат бахшид. Маҳз дар тӯли ин асрҳо ниҳодҳои бузурги байналмилалӣ зуҳур намуданд, ки арзишҳои инсондӯстиро ҳифз ва сарҳадҳои инсонситезиву инсонбадбиниро маҳдуд карданд. 
 
Вақте ба инсон ё қавму миллате зулму ситам ё сахтие мерасад, бояд новобаста аз мансубияти ӯ ба қавм, миллату нажоде ба ёрии ӯ шитофт, зеро чун худи мо ба сахтиву ситам гирифтор шавем, хуб дарк хоҳем кард, ки бетафовутии дигарон сангинтарин ситаме бар ҷони мо хоҳад буд.
 
== Инсондӯстӣ чанд хел мешавад: ==
1. инсондӯстии ғаризӣ – як навъи дӯстӣ, майл ва алоқаест, ки инсонро водор мекунад то навъи башарро бар анвои дигари мавҷудот тарҷеҳ диҳад. Мас., агар шахсе маҷбур шавад, ки байни ҷони инсоне ва ҷони ҳайвонаш якеро баргузинад, маъмулан ҷони инсонро афзалтар мешуморад, агарчи он шахсро нашиносад ҳам. Ин ғариза ё эҳсоси раҳму шафқат хосси ҳамаи мавҷудоти зинда буда, танҳо ба инсон тааллуқ надорад: шерон (ё дигар ҳайвонот) навъи худро аз навъи дигари ҳайвонот ҳимоя мекунанд. Ин навъи дӯстӣ, ки инсондӯстӣ  низ яке аз унсурҳои он аст, ғаризаи табииест, ки дар вуҷуди мавҷудоти зинда зотан вуҷуд дорад, то битавонанд навъи худро аз нестӣ нигаҳ доранд.
 
2. Инсондӯсти худмеҳварона – як навъи рафтори ғаризист, ки ҳадафаш ҳифзи низомҳои иҷтимоӣ буда, боиси ваҳдат ва ҳамдилии байни инсонҳову ҷомеаҳо мешавад. Мас., падару модар фарзандони худро нисбат ба фарзандони шахсони дигар бештар дӯст медоранд, ё худ инсонҳо хешу табор, ҳамшаҳриён, ҳамватанон ва ҳаммиллатону ҳамзабонони худро аз дигар мардумон беҳтару бартар медонанд. Ин эҳсоси табиист ва ҷомеаҳо ҳамин гуна шакл мегиранд, деҳаҳову шаҳрҳо, давлатҳову миллатҳо ба вуҷуд меоянд, вале агар меҳри «худӣ» мутлақ гардонда шуда, «бегона» ҳадафи нафрат қарор гирад, ин навъи инсондӯстӣ хавфнок аст ва боиси ҷангу низоъҳои «худӣ ва бегона» мешавад, ки дар таърихи инсоният бисёр рух додааст. Дар фарҳанги аврупоӣ ва амрикоӣ ҳисси ватандӯстӣ ба ҳадде қавӣ аст, ки нажоди сафедпӯстро аз дигар нажодҳо бартар медонанд ва барои манофеи нажоду кишвари худ омодаанд нажоди бегонаро нобуд кунанд. Онҳо нажоди ғайрисафедро ҳатто инсон намешуморанд ва барои ин андешаи худ далели динӣ ҳам «тарошидаанд»: «Худо ба сурати Исои Масеҳ зоҳир шуд ва худро дар қалби инсон таҷаллӣ сохт. Ва Исои Масеҳ сафедпӯст буд. Пас ин нажод бартар аст, вагарна Худо ба сурати ин нажод зоҳир намешуд». Сурати Исои Масеҳро бо мӯйи зарду чашми кабуду чеҳраи аврупоӣ наққошӣ мекунанд, дар сурате, ки ӯ аз мардуми Ховари Миёна, бани Исроил ва аз насли Иброҳими Халилуллоҳ буд. 
 
3. Инсондӯстии дарвинӣ. Аз замоне, ки назарияи такомули навъҳои Ч. Дарвин пешниҳод шуд, тарафдорони ин фарзия инсонро сирфан навъи ҳайвони бартар донистанд ва ҳеч ҳайсияти қудсӣ ва илоҳӣ бар вай қоил нашуданд. Ин андеша дар бораи инсон оҳиста-оҳиста ба ҷаҳонбиние мубаддал шуд, ки дар баробари худогароӣ ғояҳои инсонгароӣ, дунявият, динситезӣ, озодихоҳӣ ва мардумсолориро ба вуҷуд овард. Инсони Ғарби муосир, маҳз, ҳамин инсонеро дар назар дорад, ки дар қуллаи миллионҳо соли такомули табиии ҳайвонот қарор дорад, на он инсоне, ки ҳомили амонати илоҳист. Фарзияи Ч. Дарвин – интихоби табиӣ ва мубориза барои бақо аст, яъне мавҷудот доимо талош доранд, ки худро ҳифз намоянд ва дар ин масир бо якдигар даргир мешаванд; дар ин мубориза танҳо мавҷудоте боқӣ хоҳанд монд, ки созгории онҳо бо муҳит бештар бошад ва имконоти беҳтаре барои бақо дошта бошанд. Ин асли дарвинизм ба андешаи сиёсии аврупоиён русух кард – қавме ҳаққи зиндагӣ дорад, ки имкони бештар барои бақо дорад. Дар ин низоми инсонгарои (ҳуманизм)-и аврупоӣ инсон озод аст, ки бо дигарон ба рақобати табиӣ бархезад ва ба ҳар қимати мумкин худро ҳифз ва ҷаҳонро ба коми худ кунад, агарчи дигарон поймол шаванд. Озодӣ ҳуқуқи зотии башар аст, пас касе ҳақ надорад бо дину ахлоқ ва амсоли инҳо пеши роҳи ин озодӣ барои бақоро бигирад, аммо раҳбарони Аврупо ин маъниро бо ин бараҳнагӣ баён намекунанд, зеро дигар эҳсосоти инсондӯстона бар зидди ин гуна «озодӣ» ва тафаккур қиём хоҳад кард.
 
4. Инсондӯстии мардумсолорӣ. Файласуфи британиягӣ Б. Рассел андешаеро баён кардааст, ки ҳуқуқи инсон ва инсоният аз роҳи демократия ва раъйгирӣ расмият меёбад. Пас мардум ба ҳар чӣ раъйи мусбат медиҳанд, он амр ҳуқуқи башар хоҳад буд. Мас., агар аксарияти ҷомеа раъй диҳанд, ки ҳиҷоб мамнуъ аст, ҳама бояд ба он тан диҳанд ва касе ҳақ надорад ҳиҷоб пӯшад. Вагарна ҳуқуқи ин ҷомеаи мардумсолориро поймол кардааст. Агар дар чунин ҷомеае, ки аксарияти мардум раъй ба нобудии мардуми дигар бидиҳанд, қатли омми мардуми он ҷомеа ҳамчун амали башардӯстона талаққӣ мешавад. 
 
5. Иинсондӯстии фитрӣ. Одамӣ дӯстдори фитрии камолу зебоӣ аст. Аз ин рӯ, ҳар чиро, ки зуҳуре аз камолу зебоӣ дошта бошад, дӯст медорад. Инсон мавҷудоти зиндаро бар ғайризинда тарҷеҳ медиҳад: мас., як гули зеборо аз санги зебо бештар дӯст медорад, вале гоҳе филро аз пашша боло мегузорад. Бар ҳамин асос эҳсоси табиатдӯстӣ ва ҳайвондӯстии одамон зуҳур мекунад, зеро зебоидӯстӣ низ амре фитрӣ аст. Фитрати поки инсонӣ ҳатто аз канда шудани як гиёҳ эҳсоси нороҳатӣ ва ранҷиш мекунад. Инсон ҳам аз он ҷиҳат, ки камоли ақлу бартарин ҳаёт дар байни мавҷудот дорад, ашрафи махлуқот асту мавриди эҳтирому такрим қарор гирифтааст. Инсон ҳар чи бештар оқилу раҳмдил бошад, аз ҷониби мардуми зиёд мавриди эҳтироми вижа қарор мегирад ва баръакс, инсони камақлу хашинро камтар эҳтиром мекунанд. Ин навъи инсондӯстӣ аз ҷониби таълимоти макотиби гуногуни диниву фалсафӣ, аз ҷумла ислом, таблиғ мешавад. Дар Қуръон омадааст: «Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем; ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро дар бисёре аз он чи офаридаем, фазли бисёр додем» (Қуръон, 17:70).
 
6. Инсондӯстии динӣ. Инсон мавҷудест муҳтарам ва ашрафи махлуқот, ки бояд дӯст дошта шавад. Инсон дар ин навъи инсондӯстӣ ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи тамоми мавҷудотро риоя мекунад. Дин барои инсон равшан мекунад, ки Худо камоли маҳз мебошад, пас Ӯро бояд аз худ низ бештар дӯст дошт. Ҳамаи мавҷудот ояти Худоянд ва чун инсон Худоро дӯст дорад, халқи Ӯро низ дӯст хоҳад дошт. Ва чун инсон беҳтарин ояти Худост, маҳбубтарин низ ҳаст.
 
Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон хуррам аз Ӯст,
Ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам аз Ӯст.      
 
Саъдӣ
 
Ҳарчанд инсондӯстӣ бо истилоҳи ҳюманизм ё ҳуманизм (лот. Humanus – инсонӣ) хеле наздик аст, аммо бархе донишмандон бар онанд, ки онҳо бо ҳам шабоҳати комил надоранд, зеро ҳюманизм танҳо бо эҳтирому ҳамдардӣ ба инсону инсоният маҳдуд мешавад, вале инсондӯстӣ дӯстдориву меҳрварзиро ченаки арзишҳои худ қарор додааст.
 
Ғояи инсондӯстӣ як бахши муҳимми адабиёти классикии форс-тоҷикро ишғол кардааст. Саъдии Шерозӣ И.-ро (бо калимаи «одамият») хеле возеҳ баён кардааст:
 
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни фарқи девору миёни одамият.
Ба ҳақиқат одамӣ бош, вагарна мурғ бошад,
Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият.
Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият.
 
== Эзоҳ ==
Line 56 ⟶ 9:
 
== Адабиёт ==
* {{ЭМТ|Башардӯстӣ|2|муаллиф=Г. Абдураҳмонов}}
 
== Пайвандҳо ==
* [http://www.forhumanism.org/ Международная Коалиция «За Гуманизм!»]
* [http://www.humanism.ru/ Сайт Российского гуманистического общества]