Ҳандаса: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 12:
Дар нимаи якуми асри 17 олими фаронсавӣ Рене Декарт бархӯрди комилан дигарро барои ҳалли масоили геометрӣ пешниҳод намуд. Ӯ системаи координатаҳоро ихтироъ кард, ки ба воситаи он ҳалли масъалаҳои геометрӣ бо истифода аз алгебра ва таҳлили риёзӣ имконпазир гардид. Системаи координатаҳои Декарт ба рушди [[геометрияи таҳлилӣ]] асос гузошт, ки дар он хатҳои каҷ ва сатҳҳо бо муодилаҳои гуногуни алгебравӣ ифода ёфта, бо усулҳои алгебравӣ омӯхта мешаванд. Баробари ба вуҷуд омадани ҳисоби дифференсиалию интегралӣ дар асри 18 [[геометрияи дифференсиалӣ]] ва вобаста ба талаботи нақшакашӣ [[геометрияи тасвирӣ]] низ пайдо шуданд.
 
Тағйироти ҷиддӣ дар ҳандаса бо корҳои олими рус Н. И. [[Лобачевский]] вобастаанд, ки соли 1826 аз аксиомаи мувозии (параллелии) Уқлидус даст кашида, геометрияи нави ғайриуқлидуси (]][[геометрияи Лобачевский]])-ро ба вуҷуд овард. Назарияи Лобачевский боиси пайдо шудани мафҳуми умумии фазо гардид. Соли 1854 олими олмонӣ Б. Риман мафҳуми умумии фазоро ба ҳандаса дохил кард, ки тибқи он фазо маҷмӯи бефосилаи объектҳои дилхоҳи ҳамгуна мебошад. Ӯ инчунин фазоҳоеро ворид намуд, ки дар онҳо масофа (метрика) тибқи қоидаи махсус ба воситаи дифференсиали координатаҳои нуқта ҳангоми ҷойивазкунии хурди он ҳисоб карда мешавад. Ҳамин тариқ як соҳаи нави ҳандаса, ки бо унвони [[геометрияи Риман]] машҳур аст, ба вуҷуд омад. Пайдо шудани мафҳуми умумии фазо дар ҳандаса на танҳо ба инкишофи фаслҳои дигари риёзиёт, балки ба инкишофи соҳаҳои физика, механика ва ғ. низ таъсир расонд.
 
Ҳамзамон бо ҳандаса-иҳандасаи Риман шохаи дигари ҳандаса – [[топология]] ба вуҷуд омад. Топология он хосиятҳои шаклу ҷисмҳоро меомӯзад, ки танҳо ба расиши мутақобилаи қисмҳои онҳо вобаста буда, ҳангоми табдилоте, ки ин расишҳоро халалдор намекунанд ва расишҳои навро ба вуҷуд намеоваранд, тағйир намеёбанд.
 
== Нигаред ==