Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 33:
Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавкеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар сини 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақӣқати асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19 солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пай дар пай гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташон ободу зебо ва мӯҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоёон, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дар воқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳли ақрабояш, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳи мекарданд, марди ғариб буд.
 
Дар мусофират уӯ [[Макка]]ю [[Мадина]], [[Миср]], Покистону Ҳиндустон, [[Осиёи Миёна]], [[Туркия]] ва дигар мамолики дунёро на паи сарвату моли дунё, ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард, балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кумак мекард. Ӯ дар ин сафарҳо аз сӯҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа «Авроди фатҳия» барои асари ҷовидонии тасаввуфиро эҷод кард. Дар ин мудат ба қавли Саида Ашраф Зафар бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли [[1373]] милоди ба [[вилояти Хатлон]] ва [[Кӯлоб]]и имрӯза ташриф овард. Воқеъан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарқ мисли Сайиди Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятеро дучор омад, ки ин қадар сафарҳо намуда ба хизмати авлиёхову дустони Худо камар баста ва аз онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол одами бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд.
 
:Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо,
:Ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид.
 
Ин мартаба ба Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар синну соли ҷавонӣ муяссар гардид. Шайх Муҳаммадхони Азкони яке аз олимону орифони шӯҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди уӯ хизмати муридӣ ба ҷо оварда матавонист. Алии Ҳамадонӣ ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист ки ба дарбори ӯ сазовор гардад ва ҳатто Шайх либоси ифтихории худ хирқаро ба шогирди хеш тӯҳфа намуд. Ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид аст. Он чи ки аз илму маърифат омухту ғун кард дар сахифоти ҷудогона сабт кард ва ахиран онхороонҳоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо ба қавле аз 70 беш аст.Дар ин солҳо аз умри пурбаракати Сайид Алии Ҳамадонӣ 60 сол зиёдтар рафта буд.
 
Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои ӯро барбод доданд.
Сатри 51:
:«Бисмиллоҳир-раҳмони-раҳим».
 
Мисраи охири порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрйҳиҷрӣ мутобиқи 1386-и мелодй рост меояд. Соли вафоти Сайид Алли Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385 мелодй гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде ҳаст. Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонй дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз Алии Ҳамадонй 70 не, балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридашон Мавлоно Нуриддини Бадахшонй (ваф. 1393 ҳ.) дар «хулосат-ул-маноқиб « маъ лумоти саҳеҳ додаст.
 
== Эҷодиёт ==
Сатри 57:
:Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат,
:Ҳар ки масти олами ирфон бувад,
:Бар ҳама халқи чаҳонҷаҳон султон бувад.
 
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар паи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқи гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқу илоҳиёт баҳс мекунанд. Миқдори асарҳои ӯро олими шинохтаи тоҷик, файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Хамадонӣ мухтасаран малумот дод. Аммо назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ, ки шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадониро зиёдтар аз 90 медонад. Ҳамчунин илова кард, ки аксари асарҳоӣ ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳақиқонаш маълум нест.
Сатри 92:
ман дигар қудрат ва тавонои надорам якин хасчубаи дигар туро несту нобуд мекунад. Салохи кор он аст, ки дархости Алии Ҳамадониро иҷро намоӣ. Ниҳоят Амир Темур ночор шуда, мулки [[Кӯлоб]]ро ба Сайид Алии Ҳамадонӣ тӯҳфа мекунад.
 
Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари Кашмири сеҳрнок расидан Дар музофоти Кабарсавод бо як гурӯҳи олимони он диёр вохурду байни онҳо бахси домандоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, ба Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тулонӣ баҳсу мунозира намуд. Охиран саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, авҷ мегирад. Ҳалли ин масъала он буд, ки вазъи гов муаян карда шавад. Олими Кашмирӣ аввалан ба ин савол ҷавоб доданӣ шуда мегӯяд,ки гов дар вуҷуди худ гусола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарфи худро тавъзех дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гусола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст. Гусола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки сафедии нуги думи гусола дар пешонааш ҷой гирифтааст.Барои аниқ кардани фикрҳои мухталифи бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гусоларо мебинанд, ки вокеанвоқеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст. Мубади Кашмирӣ аз мағлубияташ дар назди қавми хеш шармсор гашта ҳамон замон ба ҳаво парвоз карда ногаҳон аз чашм нопадид мешавад. Ҳазрати Алии Ҳамадонӣ кавши пояшро ба ҳаво мепартояд ва дар як мижа задан мубади мағлубшуда дар ҳаво пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки боло баромадани мешавад, он кавш ба сараи ӯ бархурда ба сӯйи замин сарозераш мекунад. Охирон ба зарбаи пай дар пайи кавши соибкаромат мубад ба назди кавмаш шармандавор бармегардад.Баъди он ки пири хиради Кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама қавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба уӯ содиқ мемонанд. Аз ҳамин давр сар карда, на танҳо дини мубиини ислом, балки забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар ин ноҳияи Ҳиндустон авчу барори тоза пайдо кард.
 
== Ривоят дар бораи деҳаи Тудакавш ==
Сатри 102:
 
== Ривоятҳо дар бораи Ҳамадонӣ ==
Рочеъ ба ҳаёту фаъолият ва бузургиву каромоти Алии Ҳамадонӣ байни мардуми шарқ асрҳо инҷониб нақлу ривоятҳои зиёд пайдо шуда, аз насл ба насл гузашта истодаанд. Албатта, дар бораи бузургон чунин ривоятҳо бисёранд ва ҳатто баъзан як ривоятро ба чанд нафари онҳо нисбат медиҳанд. Мо чунин ривоятҳоро нисбат ба [[Абӯалӣ Сино|Абӯали Ибни Сино]], [[Умари Хайём]], [[Абдураҳмони Ҷомӣ]], [[Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд]], [[Саъдии Шерозӣ]] ва амсоли онҳо бисёр шунидаем ва медонем, ки аксари онхоонҳо бо пушонидани пардаи динни ниҳоят муболиғаомез гуфта шудаанд. Вале ба ҳар ҳол худи мавҷудияти чунин ривоятҳо аз бузургию эътибори ин ашхос ва аз ҷумла Алии Ҳамадонӣ байни халқ дарак дода, беасос нестанд.
 
== Гиромидошти мутафаккир==