Абдулаҳад Қаҳҳоров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 5:
== Зиндагинома ==
Абдулаҳад Қаҳҳоров [[17 апрел]]и соли [[1913]] дар ш. Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1954 [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров]] ва соли 1956 Курси яксолаи бозомӯзии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравии назди КМ ҲКИШ (1956) хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз ибтидои солҳои 30-ӯм ҳамчун нозири шӯъбаи меҳнати округи Қӯқанд, раиси кумитаи соҳавии иттифоқи касабаи сохтмончиёни шаҳри Конибодом, раиси иттифоқи касабаи комбинати консервбарорӣ саркарда, сипас ба ҳайси котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, мудири шӯъбаи ноҳиявии «Тоҷиктранс», ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент, мудири шӯъбаи тарғиботӣ ва ташвиқотии Кумитаи ҳизбии ноҳияи Панҷакент (1935-1942) кор кардааст ва хаминҳамин сол ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳимояи халқу диёраш ҷангидааст
А. Қаҳҳоров пас аз хидмати аскари дар вазифаҳои масъули ҷонишини мудири шӯъбаи тарғиботӣ ва ташвиқотии вилояти, котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияҳои Колхозчиён (ҳоло ноҳияи Айнӣ) ва Нов (ҳоло Спитамен) (1943-1947), котиб, котиби дуюми Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (1947 – 1954), раиси комиҷроияи вилояити Ленинобод (1954-1955) кор кардааст. Дар соли 1955 Абдулаҳад Қаҳҳоров ба курси яксолаи азнавтайёркунии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравии назди КМ ҲКИШ фиристода мешавад. Баъди хатми курси яксола, аз соли 1956 сар карда, Абдулаҳад Қаҳҳоров дар вазифаҳои - ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирон ва ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон (1956 – 1961), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1961 – 1973) адои вазифа намудааст.
Аз соли 1973, дар синни 60 солаги ба нафақа баромада ҳамчун сардори Идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1974 - 1984 кор кардааст.