Фарқият байни намунаҳои "Хусрави Деҳлавӣ"

х
ислоҳи вожаҳо using AWB
х (→‎top: clean up using AWB)
х (ислоҳи вожаҳо using AWB)
Қисми асосии мероси адабии Хусрав ба забони форсист. Инчунин ба забонҳои урду ва ҳиндӣ низ асар навишта будааст.
 
== Д е в о н ҳ о и Х уӯ с р а в ==
Дар солҳои аввали эҷодиёти худ Хусрави Деҳлавӣ, асосан ғазалу қасида менавишт ва тахаллуси аввалаи ӯ Султонӣ буд ва бо ин тахаллус дар девони якуми ӯ бисёр ғазалҳоро дидан мумкин аст. Тахаллуси дуюм ва асосии шоир Хусрав аст.
Ба навиштани достон шоир аз синни 36-солагӣ шурӯъ менамояд. Ашъори лирикии шоир дар панҷ девон гирд оварда шудааст. Ин панҷ девон дар давраҳои гуногуни ҳаёти шоир тартиб дода шудаанд ва Хусрав мувофиқи давраҳои синну соли худ ба ҳар кадоми онҳо номи махсусе додааст.
[[Васатулхаёт|Васатулҳаёт]] (Миёнаи ҳаёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсияҳои дар ҳаққи султон Муҳаммад Коон машҳур ба Хони шаҳид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд.
[[Гурратулкамол|Ғурратулкамол]] Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъалаҳои мӯҳими адабиёт, инчунин аз тарҷимаи ҳоли худ сухан меронад.
[[Бакиятулнакия|Бақиятулнақия]] дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. Қасидаву тарҷеъбанд ва таркиббандҳои ин девон ба таърифи Низомиддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони уӯ Муборакшоҳ ва Хизрхон ва чанде аз дарбориёни бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девонҳои дигари муаллиф ғазалиёт, қитъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд.
[[Нихоятулкамол|Ниҳоятулкамол]] Девони панҷумин ва охирини Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Дар ин девон марсияи Ғиёсуддин Туғлук (с.в.1325) ва қасидаҳо дар васфи писари Ғиёсуддин султон Муҳаммад Туғлук (1325—1351) низ дарҷ шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки «Ниҳоятулкамол» чанд моҳ пеш аз вафоти Хусрави Деҳлавӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Дебочаи девон дар ҳамди Худову наъти пайғамбар ва тавсифи Низомиддин Авлиё мебошад. Девон қасоиду тарҷеъбанд, маснавиҳои ҳаҷман хурд, ғазалиёт, қитъаву рубоиётро дар бар мегирад.
Ба қалами шоир зиёда аз 300 қасида тааллуқ дорад, ки даҳяки онҳо қасидаҳои фалсафӣ мебошанд. Дар ин гуна қасидаҳо бисёр фикрҳои иҷтимоӣ ва тарбиявӣ-ахлоқии замони шоир акс гардидаанд. Ба як қатор касидаҳоиқасидаҳои шоир (ба мисли «Дарёи аброр» ва ғайраҳо) бисёр намояндагони адабиёти минбаъда, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ назира навиштаанд.
 
== Маснавиёти Амир Хусрав ==
 
: Нохун, ки харош чун хасон кард,
: Бо уӯ он кун, ки бо касон кард.
 
***