Раҳим Ҳошим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Адабиёт: ислоҳи иштибоҳот, typos fixed:   → using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 29:
 
==Эҷодиёт==
Аввалин мақолааш “Жадид шоир Саидаҳмад Сиддиқий” дар маҷ. “Маориф ва ӯқитувчи” (1928, № 10) чоп шудааст. Фаъолияти илмияш аз соли 1928 шурӯъ шуда, нахустин мақолаҳояш дар мавзӯъи масъалаҳои мубрами адабиёт ва забони тоҷикӣ дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» нашр шудаанд. Муаллифи рисолаҳои «Пире, ки ҷавон шудааст» (1973; дар бораи Устод Айнӣ), «Ҳайкали бузурги назм» (1965; дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ), «Ибни Сино», (1975), «Абӯрайҳони Берунӣ» (1980) ва ғ. мебошад. Соли 1971 китоби ёддоштҳояш «Сухан аз устодон ва дӯстон» ба табъ расид, ки дар он чеҳраҳои эҷодии Устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Ҳамдӣ, С. Пайрав, Ҳ. Юсуфӣ, А. Деҳотӣ ва дигаронро мутаҷассим сохтааст. Дар ҳамқаламии Р. Фиш китоби ҳаёт ва эҷодиёти Устод Айниро навиштааст, ки бо номи «Бо чашми виҷдон» (1978) ба тоҷикӣ ва «Глазами совести» (1979) дар Маскав чоп шудааст. Дар таҳия ва нашри «Шоҳнома», ашъори М. Баҳор, Фузулӣ, шоирони форсизабони Афғонистон саҳм гузоштааст. Таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ аз шуғлҳои дигари Раҳим Ҳошим буда, солҳои 1929-1931 китобҳои дарсии «Ҷаҳони нав», «Сохтмони нав», «Китоби қироат», «Забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои русӣ), «Алифбо» (дар ҳамқаламии В. Любенсов), «Роҳи нав», «Панҷ дар чор» (ҳамроҳи Устод Айнӣ, Пайрав ва В. Любенсов)-ро ба табъ расондааст. Тарҷумони беназире ҳам буда, романи «Модар» ва ҳикояҳои М. Горкий (1937, 1950, 1969), «Шоҳу гадо»-и М. Твен (1937, 1953, 1957), «Сафар аз Петербург ба Маскав»-и А. Радищев (1949), «Мусиқачии нобино»-и В. Короленко (1949, 1977), «Мсири»-и М. Лермонтов (1948), «Гвардияи ҷавон»-и А. Фадеев (1955, 1969), «Ҳодисаи оддӣодӣ»-и И. Гончаров (1959), «Анна Каренина»-и Л. Толстой (1960), «Чингизхон»-и В. Ян (1962), «Абри ишқ»-и Н. Ҳикмат (1972), «Эзоп»-и Г. Фигейредо (1973), «Чаманоро»-и Р. Нурӣ (1965) ва ғ. аз биҳин тарҷумаҳои ӯ ва адабиёти тоҷик мебошанд. Дар таҳияи «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1933, таҳти роҳбарии Устод Айнӣ), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; Маскав, 1969), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат доштааст. Дар таълифу таҳрири луғатҳои тоҷикӣ, дузабона, фразеологӣ ва истилоҳии “Луғати русӣ-тоҷикӣ” (1933, 1985), “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969) ва ғ., саҳм гузоштааст. Асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Маликушшуаро Баҳор, Фузулӣ, М.Ф.Охундов ва дигар класс. адаб. Шарқро ба нашр ҳозир кардааст. Тарҷумаи чандин асари В.И.Ленин, асарҳои М.Горкий (“Модар”, “Қиссаҳои Италия”, пиесаҳои “Дар қаъри ҳаёт”, “Мешанҳо”, “Боғнишинон”, “Душманон”, “Егор Буличёв ва дигарон”), Марк Твен (“Шоҳзода ва гадо”), Д.Дефо («Робинзон Крузо»), А.Н.Радишев (“Саёҳат аз Петербург ба Москва”), В.Г.Короленко (“Мусиқачии нобино”), М.Ю.Лермонтов (“Мтсири”), А.Фадеев (“Гвардияи ҷавон”, кит.2), А.И.Гертсен (“Кӣ айбдор?”), И.А.Гончаров (“Ҳодисаи оддӣ”одӣ”), Л.Н.Толстой (“Анна Каренина”), В.Ян (“Чингизхон”), Нозим Ҳикмат (“Абри ошиқ”), Г.Фигейредо (“Эзоп”), Р.Нурӣ (“Чаманоро”) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ дорад.<ref>Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013. ISBN 9789994795826 – С. 148 -149.</ref>
Муаллифи зиёда аз 500 асару рисола, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, китоби дарсӣ, аз ҷумла:
Китобҳои дарсии
Сатри 53:
 
== Адабиёт ==
* "''Hoshimov, Rahim''". In: Iraj Bashiri (Professor at the University of Minnesota). [http://www.angelfire.com/rnb/bashiri/TajikFigures/TajikFigures.pdf PROMINENT TAJIK FIGURES OF THE TWENTIETH CENTURY]. Dushanbe, Tajikistan, 2002, p. &nbsp;107.
* Рахим Хашим. Биобиблиография. – Д., 1988.
== Эзоҳ ==