Чилучорчашма: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: ислоҳ using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 6:
=== Мавзеи Чилучорчашма ===
Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар [[ноҳияи Носири Хусрав]]и [[вилояти Хатлон]], воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри [[Душанбе]] аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи ҳазрати Алӣ, аз ёрони Расули Худо, шинохта шудааст.
Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ўзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мазеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шўравӣшӯравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷўйбориҷӯйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд.
 
=== Ривоятҳо дар бораи чашма ===
Ба иддаои муаррихон, зиёратгоҳи мазкур ҳанӯз дар асри яки пеш аз милод арзи ҳастӣ карда, аммо авҷи шӯҳраташ ба асри 8-уми милодӣ, пас аз омадани ислом ба водии Қубодиён рост меояд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоили Чилучорчашмагӣ, мудири зиёратгоҳи мазкур, ривояте ҳаст, ки асппарвари лашкари Ҳазрати Алӣ - Бобо Қамар дар муҳорибае ба хотири пойдории ислом дар [[Бадахшон]] захмӣ шуда, дар хоб мавзеи чилучорчашмаро мебинад. Аммо касе намедонад, ки Чилучор чашма дар куҷо воқеъ аст: «Аз сипоҳиёни ислом чанд гурӯҳ ташкил шуда, ба ҷустуҷӯи 44 чашма баромаданд. Ба сардории Қутайба ибни Муслим, ибни Наср, гурӯҳе дарёи Амуро убур кард, ба води Мовароуннаҳр ворид шуд ва ҳамин Чилучор чашмаро дар вилояти Қубодиён пайдо мекунад. Дар китобҳо омадааст, ки рӯзи чоршанбе, 16-уми моҳи саратони соли 36-и ҳиҷрии қамарӣ, дар вилояти Қубодиён, дар водии Бухорои шарқӣ, дар тори Чилучор чашма ҷасади Бобои Қамар ба хок супурда шуд, ки аз ҳамон вақт инҷониб, мардум ба зиёрати қабри Бобо ба ин ҷо меоянд. Ровиён ривоят кардаанд, ки рӯзи ҷумъаи ҳамон ҳафта Ҳазрати Алӣ бо аҳли карамаш омада қабри Боборо зиёрат мекунад, ки аз мамон вақт инҷониб мар дум ин мавзеъро ҳамчун қадамҷойи Ҳазрати Алӣ низ зиёрат мекунанд…»
Асли номи Бобои Қамар - Саидҷаъфар ибни Нӯъмон ибни Нуфал буда, ки то замони пайдоиши ислом 24 сол подшоҳи давлати Шом буд, аммо баъд аз пайдоиши ислом тарки подшоҳӣ намуда, дар ислом ба ҳайси асппарвари оддӣодӣ хизмат кардааст.<ref name="ozodi.org">http://www.ozodi.org/content/article/2133944.html</ref>
 
=== Мавзеи зиёрат ва табобат ===
Сатри 20:
Аммо пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.<ref name="ozodi.org"/>
 
ИмрўзИмрӯз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр сершуморанд.
 
== Пайвандҳо ==
Сатри 29:
[[Гурӯҳ:Чашмаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Мавзеъҳои табии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:МавзеъхоиМавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо]]