Заргарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
х →‎Маҳсулоти заргарӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 27:
 
[[Ҳалқа]] – ороиши серистеъмоли занон ва духтарони ин диёр ба шумор меравад. Аммо то охирҳои асри ХIХ ба гӯши яккаписарон, яъне аз оилаҳое, ки фақат як фарзанди писар доштанд, якто ҳалқаи нуқрагин меандохтанд. То замони оиладоршавиаш писар онро овехта мегашт ва ақидае буд, ки гӯё ин ҳамчун тилисме буд ӯро аз бадиҳо нигоҳ медошт.
Гӯшворҳое, ки то охирҳои асри ХIХ дар Ҳисор истифода шудаанд, инҳоянд: гӯшвори Муҳаммадӣ, ки он аз Бухоро оварда мешуд; гӯшвори сеғузагаи аз нуқра, ё тило сохташуда, ки почакҳои он бо марҷон оро дода мешуданд; гӯшвори зирак, ки аз фулузи нуқра сохта мешуд; гӯшвори саригӯшии аз нуқра сохташуда, ки ба гӯшвори оддӣодӣ хеле монанд буда, бо он фарқ мекард, ки бо занҷираи зебо ва сангҳои гуногун ороиш меёфт. Инчунин бисёр гӯшворҳо ба монанди якадур, гӯшворҳои қафасин, қубадор, сепочина, панҷпочина ва балдоқ аз тило сохта мешудаанд.
 
[[Ангуштарин]] – бештар аз нуқра тайёр карда шуда, дар байни аҳолии шаҳри Ҳисор чун ороиши асосӣ дар истифода буданд. Тибқи ақидае, бояд ҳар як зани мусулмон дорои якто ангушттарини нуқрагин бошад, ки гӯё он нишонаи «ҳалолии дасти занон» ҳисоб мешудааст. Ангушттаринҳо бо як ё дуто нигин ороиш дода мешуданд. Нигинҳои ангуштаринҳо бештар аз сангҳои рангаи фирӯза, сердолик, анора, лаъл интихоб мешуданд.