Ноҳияи Ваҳдат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Адабиёт: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо, typos fixed: км2 → км² (2) using AWB
Сатри 81:
 
== Мавқеи ҷуғрофӣ ==
Аз ҷануб бо [[Ноҳияи Ёвон|ноҳияҳои Ёвону]] [[Ноҳияи Норак|Норак]], аз шимол бо [[ноҳияи Айнӣ]], аз шарқ бо [[Ноҳияи Файзобод|ноҳияҳои Файзободу]] [[Ноҳияи Нуробод|Нуробод]], аз ғарб бо [[ноҳияи Рӯдакӣ]] ҳамсарҳад аст. Аз маркази шаҳр то [[Душанбе|шаҳри Душанбе]] 15 км. Масоҳаташ 3,7 ҳазор км2км².
 
== Аҳолӣ ==
Аҳолиаш 300,4 ҳазор нафар (2013). Зичии аҳолӣ дар 1 км2км² – 81,2 нафар.
 
== Мавқеи табиӣ ==
Сатри 109:
 
== Наботот ==
Нишебии кӯҳҳоро то баландии 2000 м (минтақаи дашт­ҳои кӯҳӣ) алафзору буттазорҳо (бештар буттаҳои хордор), набототи даштӣ – гиёҳҳо ( гандумак, чағаз, типчак, чатргулҳо, лӯбиёиҳо, шибоғ, талха, тахач, коснӣ, ширинбӯя, субинак, ҷамилак, кокутӣ, пудина, ниёзбӯ, пиёзи кӯҳӣ, шулха, газарак, ғармаш (гули хайрӣ), чойкаҳак, раҳдавак, гӯсфандхорак, сафедхорак, сипанд, зира, чукрӣ, торон, чоқла, ров, рошак, карафшак, сири кӯҳӣ, пиёзи анзур, янтоқ) ва дар баландиҳои 2000–3000 м (минтақаи бешадаштҳои кӯҳӣ)-ро алафзор, бешаҳои сираки арча, фаркфарқ, заранг, юған, мушол ва аз 3000 м баландтарро марғзорҳои субалпию алпӣ фаро гирифтаанд. Дар Ромит ва дараҳои Сорбо, Сардаи Миёна, Ёс, Мағов ва ғайра чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, себ, гелос, талхакбодом, санҷид, ноки худрӯй, чинор, бед, туғ, буттаҳои настаран, ангат, зирк ва ғайра бисёранд. Заминҳои корам асосан дар водиҳо ва доманаи кӯҳҳо воқеъ гаштаанд.
 
== Ҳайвонот ==