Хусрави Деҳлавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Маснавиёти Амир Хусрав: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 76:
Аз соли 1289 сар карда, Хусрави Деҳлавӣ дар баробари жанрҳои лирикӣ ба эҷод намудани асарҳои эпикӣ низ шурӯъ менамояд. Дар жанри достон Амир Хусрав худро шогирди Низомии Ганҷавӣ мешуморад ва онро дар чанд ҷои осори худ таъкид менамояд.
Аввалин достони худ — «Киронуссаъдайн»-ро соли 1289 навиштааст ва дар соли 1291 достони дуюми худ «Мифтоҳулфутуҳ»-ро эҷод менамояд.
Дар байни солҳои 1299—1302 Хусрави Деҳлавӣ ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ҷавоб менависад. [[Хамса]]-и Амир Хусрав аз ин достонҳо фароҳам омадааст: [[Матлауланвор]], [[Ширин ва Хусрав]], [[Мачнун ва Лайли|Маҷнун ва Лайли]], [[Хафт бихишт|Ҳафт биҳишт]], [[Оинаи Сикандари]]ӣ. Баъди достони «Хамса» Хусрав боз се достони дигар — «Дувалрони ва Хизрхон» (соли 1316), [[Нух Сипехр]] (соли 1318) ва [[Туглукнома]] (такрибан соли 1324) — ро таълиф менамояд. Гайр аз ин достон шоир боз чанд достони дигари хачман хурд низ навиштааст. Аз чумлаҷумла, достони «Асбнома» — ро шоир ба ҳокими Авад Алӣ Сарҷондор машҳур ба Хотамхон бахшидааст.
Мавзӯи панду ахлоқ, ки маъмултарин мавзӯи адабиёти ҷаҳоншумули форсӣ маҳсуб мегардад, дар ашъори Амир Хусрав мақоми баландро дорост. Шоир тавассути ашъори пандомез бештарин хислатҳои инсониро ситоиш мекунад ва барои тарбияи насли наврас дар тарғиби накӯкорӣ, меҳнатдустӣ, ростиву растагорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ саҳм мегузорад: